https://sputnik.tj/20220201/marg-kor-tojikiston-besh-1045376566.html
Ҳолатҳои марги коргарон дар конҳои Тоҷикистон зиёд шудааст: Хадамот гуфт, кӣ сабабгор
Ҳолатҳои марги коргарон дар конҳои Тоҷикистон зиёд шудааст: Хадамот гуфт, кӣ сабабгор
Sputnik Тоҷикистон
Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ва беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок гуфта мешавад
2022-02-01T13:30+0500
2022-02-01T13:30+0500
2022-02-18T18:59+0500
дар тоҷикистон
саноат
коргарон
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101340/03/1013400328_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_365df05f51405da245e8ce8151ac51da.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2021 дар иншоотҳои зериназоратии ин ниҳод 39 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.Ӯ якуми феврал дар нишасти хабарияш гуфт, дар пайи ин ҳаводис 24 нафар ҳалок ва 45 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.Ба гуфтаи номбурда, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зерсохтори хадамот дар соли 2021 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2020 ҳашт адад зиёд шуда, шумораи ашхоси фавтида 16 нафар ва теъдоди ҷароҳатбардоштагон 16 тан зиёд шудаастСоли 2020 теъдоди ҳодисаҳои нохуш дар ин бахш 31 ҳолатро ташкил медод, ки дар пайи он 8 тан ҳалок ва 33 тани дигар захмӣ шуда буданд.Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳаводис хадамот корхонаву идораҳоро ба маблағи беш аз 264 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.Ин ниҳод мегӯяд, сабаби асосии ин ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, риоя накардани технологияи коркарди кон ва ҳамчунин набуди мутахассисони соҳавӣ мебошад.Ҳамзамон ба 69 нафар (аз ҷумла 24 фавтида) аз тарафи корхонаҳо ҷуброни зарар ва кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ барои дафн ва муолиыаи зарардидагон пардохт шудааст, гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ.Ба иттилои рахбарияти ин ниҳод, соли 2021 дар иншооти кишвар 220 назорати техникӣ , аз ҷумла 241 назорати нақшавӣ ва 26 ғайринақшавӣ гузаронда шуд, ки дар пайи он 1432 ҳолати нақзи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сабт шуда, 21 нишондод барои боздошти кор пешниҳод шудааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101340/03/1013400328_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_7147a81e3ca9ffe23ef804ee7d6d2115.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марг кор тоҷикистон омор хадамот
марг кор тоҷикистон омор хадамот
Ҳолатҳои марги коргарон дар конҳои Тоҷикистон зиёд шудааст: Хадамот гуфт, кӣ сабабгор
13:30 01.02.2022 (Навсозишуда: 18:59 18.02.2022) Сабаби асосии ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо ва беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Раҳим Санъат Асо, сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2021 дар иншоотҳои зериназоратии ин ниҳод 39 ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд.
Ӯ якуми феврал дар нишасти хабарияш гуфт, дар пайи ин ҳаводис 24 нафар ҳалок ва 45 тани дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд.
Ба гуфтаи номбурда, таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар корхонаҳои зерсохтори хадамот дар соли 2021 шумораи ҳодисаҳои нохуш нисбат ба соли 2020 ҳашт адад зиёд шуда, шумораи ашхоси фавтида 16 нафар ва теъдоди ҷароҳатбардоштагон 16 тан зиёд шудааст
Соли 2020 теъдоди ҳодисаҳои нохуш дар ин бахш 31 ҳолатро ташкил медод, ки дар пайи он 8 тан ҳалок ва 33 тани дигар захмӣ шуда буданд.
Гуфта мешавад, дар пайи ин ҳаводис хадамот корхонаву идораҳоро ба маблағи беш аз 264 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби асосии ин ҳодисаҳои нохуш бемасъулиятии муҳандисони техникии корхонаҳо, беаҳамиятии коргарон ҳангоми кор дар иншооти хатарнок, риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ, риоя накардани технологияи коркарди кон ва ҳамчунин набуди мутахассисони соҳавӣ мебошад.
Ҳамзамон ба 69 нафар (аз ҷумла 24 фавтида) аз тарафи корхонаҳо ҷуброни зарар ва кумакпулии яквақтаина дар ҳаҷми 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ барои дафн ва муолиыаи зарардидагон пардохт шудааст, гуфт сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ.
Ба иттилои рахбарияти ин ниҳод, соли 2021 дар иншооти кишвар 220 назорати техникӣ , аз ҷумла 241 назорати нақшавӣ ва 26 ғайринақшавӣ гузаронда шуд, ки дар пайи он 1432 ҳолати нақзи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ сабт шуда, 21 нишондод барои боздошти кор пешниҳод шудааст.