https://sputnik.tj/20220201/kudak-muhojir-tojik-balandoshyona-maskav-aftod-1045373543.html
Кудаки муҳоҷири тоҷик аз бинои баландошёнае дар Маскав афтодааст: тафсилоти фоҷиа
Кудаки муҳоҷири тоҷик аз бинои баландошёнае дар Маскав афтодааст: тафсилоти фоҷиа
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия пас аз марги кӯдаке, ки аз тирезаи бинои баландошёна ба замин афтода, ки писарбачаи тоҷик аст, ба таҳқиқ оғоз кард
2022-02-01T12:00+0500
2022-02-01T12:00+0500
2022-02-01T16:34+0500
муҳоҷират
тоҷик
дар русия
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0c/1032815913_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_9f2ff6e168e9ac99116d47107a4087f9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Кӯдаки панҷсолаи муҳоҷирони тоҷик аз тирезаи як бинои истиқоматии 18-ошёна дар шарқи Маскав ба замин афтод, хабар медиҳад РИА "Новости". То расидани мошини ёрии таъҷилӣ кӯдаки хурдсол дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Фоҷиа шоми 31 январ дар кӯчаи Лухмоновская рух додааст. Табибони ҳозиршуда гуфтаанд, ки кӯдак аз захмҳои зарбаи афтидан бардоштааш фавтидааст. Ба гуфтаи Юлия Иванова, ёвари калони раиси идораи Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав, муфаттишон аллакай баъди марги ноболиғ тафтишро шуруъ кардаанд. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ кард, оилае, ки ба ин мусибат дучор шудааст, тоҷикистонист. Тибқи иттилои пешакӣ, кӯдак дар долони умумии даромадгоҳ бозӣ мекард, вале чӣ гуна аз тиреза ба берун афтодани ӯро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кунанд.
https://sputnik.tj/20220112/marg-marmuz-noboligh-rus-x-fit-dushanbe-1044753999.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0c/1032815913_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_574037ddbebeb13ad6ba03e314fb17de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кудак муҳоҷир тоҷик маскав афтод
кудак муҳоҷир тоҷик маскав афтод
Кудаки муҳоҷири тоҷик аз бинои баландошёнае дар Маскав афтодааст: тафсилоти фоҷиа
12:00 01.02.2022 (Навсозишуда: 16:34 01.02.2022) Кумитаи тафтишоти Федератсияи Русия пас аз марги кӯдаки тоҷике, ки аз тирезаи бинои баландошёна ба замин афтод, таҳқиқро оғоз кард
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Кӯдаки панҷсолаи муҳоҷирони тоҷик аз тирезаи як бинои истиқоматии 18-ошёна дар шарқи Маскав ба замин афтод, хабар медиҳад РИА "Новости".
То расидани мошини ёрии таъҷилӣ кӯдаки хурдсол дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Фоҷиа шоми 31 январ дар кӯчаи Лухмоновская рух додааст.
Табибони ҳозиршуда гуфтаанд, ки кӯдак аз захмҳои зарбаи афтидан бардоштааш фавтидааст.
Ба гуфтаи Юлия Иванова, ёвари калони раиси идораи Кумитаи тафтишоти Русия дар Маскав, муфаттишон аллакай баъди марги ноболиғ тафтишро шуруъ кардаанд.
Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тасдиқ кард, оилае, ки ба ин мусибат дучор шудааст, тоҷикистонист.
"Аз рӯи ин далел муфаттишон санҷиши пешакии тафтишотӣ ташкил кардаанд. Сабабҳои ҳодиса муайян карда мешаванд", - гуфт Иванова.
Тибқи иттилои пешакӣ, кӯдак дар долони умумии даромадгоҳ бозӣ мекард, вале чӣ гуна аз тиреза ба берун афтодани ӯро бояд мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муайян кунанд.