Ҷазои ду сокини Хатлон барои ду таом дар тӯй ва баргузории чили падар

© Sputnik / Стас ЭтвешПлов, архивное фото
Плов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Сокинони навоҳии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон барои нақзи Қонуни танзим ҷарима шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 фев - Sputnik. Додгоҳи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомии вилояти Хатлон шаҳрванд Фарҳоди Шукуруллои Муқимро барои нақзи Қонуни танзим ҷарима кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, Фарҳоди Шукурулло авохири соли 2021 оши тӯйи бародараш Муқимов Д.Ш.-ро мебоист тибқи тавсияномаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, аз соати 10-00 то 13-00 дақиқа бо додани оши тӯй баргузор намояд.
Вале ӯ оши тӯйи бародарашро бо додани ду таом, аз ҷумла ош ва шӯрбо, бо вайрон намудани муҳлат, аз соати 09.20 дақиқа баргузор намудааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ қонунвайронкунии мазкур ошкор карда шуд.
Ҳамин тариқ додгоҳ Фарҳоди Шукуруллоро бо моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда, баробар ба 6000 сомонӣ ҷарима кардааст.
Ҳамзамон барои нақзи Қонуни танзим Қурбонов Алишер, сокини ноҳияи Мир Саид Алӣ Ҳамадониро низ додгоҳ ҷарима мекунад.
Ба иттилои додситонӣ, номбурда дар манзили истиқоматиаш маросими чили марҳум падараш Қурбонов Т.-ро бидуни гирифтани тавсиянома аз мақомоти ваколатдори давлатӣ, бо даъвати зиёда аз 100 нафар дӯстону хешовандон ва ҳамсоягонаш, бо додани таъом баргузор намудааст.
Ин сокини Ҳамадонӣ низ бо дастарасӣ ба моддаи 481, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 100 нишондиҳанда, баробар ба 6000 сомонӣ ҷарима шудааст.
Лентаи хабарҳо
0