Интиқоли нерӯҳои Ҳавзаи шарқии Русия барои санҷиши иқтидори давлати иттиҳодӣ

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкВоздушно-десантные войска, архивное фото
Воздушно-десантные войска, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Обуна шудан
Нерӯҳои ҳавзаи низомии шарқии Русия барои санҷиши вокуниши давлати иттиҳодӣ ба масофаи то 10 ҳазор километр интиқол дода шуданд
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия, изҳор дошт, ки интиқоли воҳидҳои Ҳавзаи шарқӣ дар доираи марҳилаи аввали санҷиши нерӯҳои давлати иттиҳодӣ амалӣ шуданд.
"Дар доираи марҳилаи аввали санҷиш нерӯҳо ба масофаи то 10 ҳазор километр фиристода шуда, аз ҷумла воҳидҳои ҳавоӣ ва қисмҳои мудофиаи ҳавоӣ тағйири мақар карданд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли Шойгу.
Вазири мудофиа инчунин зимни ҷаласаи мақомдорони соҳа изҳор доштаст, ки дар амалиёт ниҳодҳои раёсати низомӣ иштирок мекунанд.
Ӯ афзуд, ки дар доираи тамринот нерӯҳо ба мудофиаи иншооти муҳими давлатию низомӣ ва марзи давлатӣ ва фазо дар доираи низоми ягонаи минтақаӣ машғул хоҳанд шуд. Низоми ягонаи минтақаии мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Белорусро фаро мегирад.
Учения стран ОДКБ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Русия размоишҳо дар Осиёи Марказиро зиёд мекунад
Санҷиши нерӯҳои давлати иттиҳодӣ дар ду марҳила баргузор мешавад. Марҳилаи аввал то 9 феврал давом мекунад, ки зимни он нерӯҳо дар қаламрави Белорус ҷой хоҳанд гирифт. Тайи марҳилаи дуюм - аз 10 то 20-уми феврал размоиши муштараки "Иродаи иттиҳодӣ - 2022" баргузор мешавад, ки ба пас гардондани ҳамлаи хориҷӣ ва пешгирии амалиёти террористӣ равона шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки кишварҳои ғарбӣ вақтҳои охир дар бораи омодагии Русия барои ҳамла ба Украина ҳушдорҳои зиёде медиҳанд. Аммо Маскав ин иттиҳомотро бепоя хонда, изҳор медорад, ки ИМА ва НАТО аз тариқи паҳн кардани чунин овозаҳо нияти ҷой додани нерӯҳояшро дар наздикии марз бо Русияро дорад.
Лентаи хабарҳо
0