https://sputnik.tj/20220201/hukumat-iqdom-bolo-burdan-narkh-barq-1045384074.html
Муминзод: Ҳукумат иқдоме барои боло бурдани нархи барқ накардааст
Муминзод: Ҳукумат иқдоме барои боло бурдани нархи барқ накардааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ҳеч пешниҳоде барои боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳуриро накардааст
2022-02-01T13:45+0500
2022-02-01T13:45+0500
2022-02-18T18:59+0500
дар тоҷикистон
барқ
энергетика
нерӯ
нарх
хадамоти зиддиинҳисорӣ
вазорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:37:3010:1730_1920x0_80_0_0_8ee25837aae391bb47e2728faf812840.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сарусадо дар бораи эҳтимоли боло рафтани нархи барқ дар кишварро шарҳ дод. Муминзод зимни нишасти матбуотӣ гуфт, боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон салоҳияти ҳукумат мебошад. Муминзод илова намуд, ки то ҳол ягон иқдом дар ин самт сурат нагирифтаасту ҳукумат низ санадеро барои омӯзиш пешниҳод нанамудааст. Ӯ афзуд, шояд Вазорати энергетика ва захираҳои об мустақилона ин масъаларо баррасӣ дорад, аммо дар сатҳи ҳукумат ин санад ҳанӯз вуҷуд надорад. Феълан нархи як киловат нерӯи барои аҳолии Тоҷикистон 22,6 дирам аст. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ дар нишасти ахираш аз эҳтимоли боло рафтани нархи барқ гуфта, зикр намуд, ки аз соли 2019 то ҳол нархи нерӯ зиёд нашудааст. Вазир болоравии нархо ба зарурати сармоягузорӣ ба рушди соҳаю фароҳамсозии инфрасохтор рабт дод.
https://sputnik.tj/20220131/raisi-nav-barqi-tojik-vada-dod-limit-1045357715.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102731/43/1027314307_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_98c1103f3b9881104ce5e216722c8e8e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳукумат, пешниҳод, нархи барқ, боло, хадамоти зиддиинҳисорӣ
ҳукумат, пешниҳод, нархи барқ, боло, хадамоти зиддиинҳисорӣ
Муминзод: Ҳукумат иқдоме барои боло бурдани нархи барқ накардааст
13:45 01.02.2022 (Навсозишуда: 18:59 18.02.2022) Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол ҳич пешниҳоде барои боло бурдани нархи барқ дар ҷумҳуриро накардааст
ДУШАНБЕ, 1 фев – Sputnik. Абдулмаҷид Муминзод, раиси Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сарусадо дар бораи эҳтимоли боло рафтани нархи барқ дар кишварро шарҳ дод.
Муминзод зимни нишасти матбуотӣ гуфт, боло бурдани нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон салоҳияти ҳукумат мебошад.
"Аз ҷониби мақоми ваколатдор лоиҳа пешниҳод мешавад, ҳукумат онро баррасӣ менамояд. Вазифаи Хадамоти зиддинҳисорӣ дар ин ҳолат муайян кардани арзиши аслии як киловат нерӯи барқ мебошад", - таъкид шуд дар нишаст.
Муминзод илова намуд, ки то ҳол ягон иқдом дар ин самт сурат нагирифтаасту ҳукумат низ санадеро барои омӯзиш пешниҳод нанамудааст. Ӯ афзуд, шояд Вазорати энергетика ва захираҳои об мустақилона ин масъаларо баррасӣ дорад, аммо дар сатҳи ҳукумат ин санад ҳанӯз вуҷуд надорад.
Феълан нархи як киловат нерӯи барои аҳолии Тоҷикистон 22,6 дирам аст.
Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон низ дар нишасти ахираш аз эҳтимоли боло рафтани нархи барқ гуфта, зикр намуд, ки аз соли 2019 то ҳол нархи нерӯ зиёд нашудааст. Вазир болоравии нархо ба зарурати сармоягузорӣ ба рушди соҳаю фароҳамсозии инфрасохтор рабт дод.