https://sputnik.tj/20220201/chappa-navor-dahshatovar-nishast-havopaymo-video-1045400300.html
Қариб чаппа мешуд: навори даҳшатовари ба замин нишастани ҳавопаймо - видео
Қариб чаппа мешуд: навори даҳшатовари ба замин нишастани ҳавопаймо - видео
Sputnik Тоҷикистон
Танҳо ба далели маҳорати хуби халабон аз фоҷиа зимни нишасти ҳавопаймо ҷилавгирӣ шуд
2022-02-01T20:30+0500
2022-02-01T20:30+0500
2022-02-01T20:30+0500
видео
лондон
фурудгоҳ
ҳавопаймо
шамол
нишаст
изтирорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/01/1045394730_0:2:961:543_1920x0_80_0_0_2430f2efc12374a03913b89c3363884c.png
Нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Хитроуи Лондон қариб ба фоҷеа меанҷомид. Ҳавопаймои ширкати "British Airways" қариб буд, чаппа шавад, навиштааст "Daily Mail".Ба иттилои манбаъ, танҳо маҳорати баланди халабон боис шуд, ки ҳавопаймо барои талоши дигари фуруд ба ҳаво баланд шуд. Дар наворе, ки шоҳиди ҳодиса сабт кардааст, дида мешавад, ки чӣ гуна ҳавопаймо дар ҳолати шамоли сахти суръаташ то 144 км/соат поин мешавад. Зимни расидани ду чарх ба замин ҳавопаймо яктарафа шуд ва қариб чаппа гардад. Дар ин ҳол халабон фавран боз ҳавопайморо ба фазо хезонду аз нохушӣ пешгирӣ намуд. Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои ахир дар Бритониёи Кабир тӯфонҳои шадиде рух доданд, ки яке "Малик" ва дигаре "Корри" ном гирифтааст. Дар пайи ин офати табиӣ ҳудуди 30 ҳазор шаҳрванд бебарқ монда, таҳсил дар макотиб мутаваққиф шудааст.
лондон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/01/1045394730_156:0:880:543_1920x0_80_0_0_71ecde2adc9094bcdc755578c67d6821.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, даҳшатовар, нишаст, ҳавопаймо
навор, даҳшатовар, нишаст, ҳавопаймо
Қариб чаппа мешуд: навори даҳшатовари ба замин нишастани ҳавопаймо - видео
Танҳо ба далели маҳорати хуби халабон зимни ба замин нишастани ҳавопаймо аз ин фоҷеа ҷилавгирӣ шуд
Нишастани ҳавопаймо дар фурудгоҳи Хитроуи Лондон қариб ба фоҷеа меанҷомид. Ҳавопаймои ширкати "British Airways" қариб буд, чаппа шавад, навиштааст "Daily Mail".
Ба иттилои манбаъ, танҳо маҳорати баланди халабон боис шуд, ки ҳавопаймо барои талоши дигари фуруд ба ҳаво баланд шуд.
Дар наворе, ки шоҳиди ҳодиса сабт кардааст, дида мешавад, ки чӣ гуна ҳавопаймо дар ҳолати шамоли сахти суръаташ то 144 км/соат поин мешавад. Зимни расидани ду чарх ба замин ҳавопаймо яктарафа шуд ва қариб чаппа гардад.
Дар ин ҳол халабон фавран боз ҳавопайморо ба фазо хезонду аз нохушӣ пешгирӣ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои ахир дар Бритониёи Кабир тӯфонҳои шадиде рух доданд, ки яке "Малик" ва дигаре "Корри" ном гирифтааст.
Дар пайи ин офати табиӣ ҳудуди 30 ҳазор шаҳрванд бебарқ монда, таҳсил дар макотиб мутаваққиф шудааст.