https://sputnik.tj/20220201/ahmadzoda-roh-ush-isfana-1045371446.html
Нуқта гузошт: Аҳмадзода гуфт, ки роҳи Ӯш - Исфана ба кӣ тааллуқ дорад
Нуқта гузошт: Аҳмадзода гуфт, ки роҳи Ӯш - Исфана ба кӣ тааллуқ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд мегӯяд, маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду соҳилаш, ки аз он ҷо шоҳроҳи Ӯш-Исфана мегузарад аз Тоҷикистон аст ва кишвар ҳеҷ гоҳ аз ин қаламрав барои фишор болои Қирғизистон истифода накардааст
2022-02-01T11:03+0500
2022-02-01T11:03+0500
2022-02-18T18:54+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
раҷаббой аҳмадзода
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039170654_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_fbf5c633327e5f7c1ca004ba375bf513.jpg
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Роҳи Ӯш - Исфана, ки аз маҷрои Исфара мегузарад, ба қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷониби кишвари ҳамсоя посух дод. Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон барои баҳсбарангез донистани минтақаи мазкур асосҳои ҳуқуқӣ надорад. Номбурда қайд кард, ки қитъаи маҳаллаи Зарафшон ё Торт-кочо, тибқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетӣ аз соли 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад. Бо хоҳиши ҷумҳурии ҳамсоя қитъаи роҳ ва пул ба муҳлати 49 сол бо пули номиналӣ ба иҷора дода шуд. Тағйирот ба созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон 18 майи соли 2007 ворид карда шуд. "Мақоми ин қаламрав наметавонад мавзуи музокирот дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба аломатгузорӣ ва делимитатсияи сарҳади давлатӣ бошад", - гуфт Аҳмадзода. Дар ҳамин ҳол ҷониби Тоҷикистон дарк мекунад, иртибот бо вилояти Лайлак барои Қирғизистон муҳим аст, аз ин рӯ ҷумҳурӣ бо як шарт ба истифодаи он халал намерасонад.Аҳмадзода таъкид кард, ки кишвари ҳамсоя набояд ба ҳаракати тоҷикон ва колоҳо дар роҳ, аз ҷумла барои фурӯш халал расонад. Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ин қаламрав барои фишор болои Қирғизистон истифода накардааст. Қаблан раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев гуфта буд, ки макони зикршуда қонунан сабти ном нашудааст ва ҳоло ба ҳеҷ яке аз тарафҳо тааллуқ надорад. Аз он ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон истифода мекунанд. Ба гуфтаи Алимбоев, Тоҷикистон мехоҳад ин қаламравро ғайриқонунӣ аз худ кунад. Ёдовар мешавем, ки қитъаи 275-метрии қаламрави Тоҷикистон ё мавзеи Торт-Кочо ду соҳили дарёи Исфараро мепайвандад, ки дар он шаҳракҳои тоҷикони Хоҷаи Аъло ва Сомониён инчунин Кок-тош ва Ортабози Қирғизистон воқеъ гардидаанд.
https://sputnik.tj/20220129/rahmon-halli-munoqisha-marzi-1045314878.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039170654_0:0:911:683_1920x0_80_0_0_4a913b2ef038a1501a86eca4111797e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмадзода роҳ ӯш-исфана марз
аҳмадзода роҳ ӯш-исфана марз
Нуқта гузошт: Аҳмадзода гуфт, ки роҳи Ӯш - Исфана ба кӣ тааллуқ дорад
11:03 01.02.2022 (Навсозишуда: 18:54 18.02.2022) Раиси вилояти Суғд мегӯяд, маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду соҳилаш, ки аз он ҷо шоҳроҳи Ӯш - Исфана мегузарад, аз Тоҷикистон аст ва кишвар ҳеҷ гоҳ аз ин қаламрав барои фишор болои Қирғизистон истифода накардааст
ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Роҳи Ӯш - Исфана, ки аз маҷрои Исфара мегузарад, ба қаламрави Тоҷикистон тааллуқ дорад. Дар ин бора раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷониби кишвари ҳамсоя посух дод.
Ба гуфтаи ӯ, Қирғизистон барои баҳсбарангез донистани минтақаи мазкур асосҳои ҳуқуқӣ надорад.
"Маҷрои рӯдхонаи Исфара бо ду соҳилаш 275 метр дарозӣ дорад, ки аз он ҷо шоҳроҳи Ӯш - Исфана мегузарад, сарзамини аслии тоҷикон аст",- таъкид кард Аҳмадзода.
Номбурда қайд кард, ки қитъаи маҳаллаи Зарафшон ё Торт-кочо, тибқи ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1929 ва маводи комиссияи паритетӣ аз соли 1989 ба Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Бо хоҳиши ҷумҳурии ҳамсоя қитъаи роҳ ва пул ба муҳлати 49 сол бо пули номиналӣ ба иҷора дода шуд. Тағйирот ба созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон 18 майи соли 2007 ворид карда шуд.
"Мақоми ин қаламрав наметавонад мавзуи музокирот дар чаҳорчӯби Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба аломатгузорӣ ва делимитатсияи сарҳади давлатӣ бошад", - гуфт Аҳмадзода.
Дар ҳамин ҳол ҷониби Тоҷикистон дарк мекунад, иртибот бо вилояти Лайлак барои Қирғизистон муҳим аст, аз ин рӯ ҷумҳурӣ бо як шарт ба истифодаи он халал намерасонад.
Аҳмадзода таъкид кард, ки кишвари ҳамсоя набояд ба ҳаракати тоҷикон ва колоҳо дар роҳ, аз ҷумла барои фурӯш халал расонад.
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ аз ин қаламрав барои фишор болои Қирғизистон истифода накардааст.
"Агар мавориди бастани роҳ вуҷуд дошта бошад, пас ин ё вокуниш ба амалҳои ғайриқонунии ҷониби дигар ва ё ба хотири таъмини амнияти шаҳрвандони ду кишвар дар ҷараёни муноқишаҳо, ҳамчун чораи муваққатӣ сурат гирифтааст", - афзуд ӯ.
Қаблан раиси вилояти Бодканд Абдикарим Алимбоев гуфта буд, ки макони зикршуда қонунан сабти ном нашудааст ва ҳоло ба ҳеҷ яке аз тарафҳо тааллуқ надорад. Аз он ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон истифода мекунанд.
Ба гуфтаи Алимбоев, Тоҷикистон мехоҳад ин қаламравро ғайриқонунӣ аз худ кунад.
Ёдовар мешавем, ки қитъаи 275-метрии қаламрави Тоҷикистон ё мавзеи Торт-Кочо ду соҳили дарёи Исфараро мепайвандад, ки дар он шаҳракҳои тоҷикони Хоҷаи Аъло ва Сомониён инчунин Кок-тош ва Ортабози Қирғизистон воқеъ гардидаанд.