Табодули шодбошии Раҳмон ва сарвазири Бритониё: Ҷонсон аз умед ба рушди ҳамкорӣ гуфт

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ва сарвазири Бритониё ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди барпо намудани муносиботи дипломатӣ шодбош гуфтаанд
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёмаш ба Борис Ҷонсон, сарвазири Бритонияи Кабир аз сатҳи ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ кардааст.
"Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои некро бо Британияи Кабир, ки дар қатори аввалинҳо соҳибистиқлолии онро ба расмият пазируфт, муҳим медонад", - омадааст дар паёми Раҳмон ба Ҷонсон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки барои густариши ҳамкориҳо дар ҳама арсаҳо бо Бритониё пайваста талош мекунад.
Флаг Великобритании - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Рухшона Эмомалӣ дидорҳои расмиашро дар Лондон бо Лорди бритониёӣ оғоз кард
Вай изҳори боварӣ намудааст, ки бо саъю талошҳои муштараки ҷонибҳо муносибатҳои шарикии ду кишвар минбаъд ҳам идомаи ёфта, дар оянда мазмуну муҳтавои навро касб хоҳанд кард.
Борис Ҷонсон дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти таҳкими муносибатҳо бо Тоҷикистонро барои Бритониё таъкид намудааст.
Ӯ аз рушди шарикии наздик бар пояи усулҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум, ки ҳамкориҳоро дар соҳаҳои амният ва дифоъ, рушди инсонӣ ва иқтисодӣ, тиҷорат ва фарҳанг дар бар мегирад, зикр кардааст манбаъ.
Дар паём Ҷонсон таъкид намудааст, ки Бритониё минбаъд низ шарики собитқадами Тоҷикистон боқӣ монда ва ҳамчунин ӯ низ умедворияшро барои рушди давомдори ҳамкориҳо дар солҳои оянда баён доштааст.
Лентаи хабарҳо
0