https://sputnik.tj/20220130/rukhshona-emomali-didorhoi-london-lordi-britoniyoi-1045327931.html
Рухшона Эмомалӣ дидорҳои расмиашро дар Лондон бо Лорди бритониёӣ оғоз кард
Рухшона Эмомалӣ дидорҳои расмиашро дар Лондон бо Лорди бритониёӣ оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Ахиран сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониё бо Вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳод дидору гуфтугӯ кард
2022-01-30T09:45+0500
2022-01-30T09:45+0500
2022-01-31T18:12+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
сафир
бритониё
духтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042016228_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_f7427a9e3ecd32555044b5a8b4967b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ бо лорд Ториқ Аҳмад, вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва иттиҳод мулоқот кард, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.Иттилоъ дода шудааст, ки аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бритониёро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намудаанд.Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.Рухшона Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо фармони падараш сафири ин кишвар дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд.Эмомалӣ Раҳмон ин фармонро рӯзи 15-уми декабр имзо кардааст. Рухшона Эмомалӣ дар ин мақом ҷойгузини Халифазода шуд.Рухшона Эмомалии 39-сола собиқаи кор дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёро дорад. Ӯ қаблан дар вазифаи муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Эмомалӣ Раҳмон нуҳ фарзанд дорад ва Рухшона Раҳмонова фарзанди чаҳоруми раиси ҷумҳурӣ аст.
https://sputnik.tj/20211221/mansab-dukhtari-rahmon-dopingkhuri-tanish-qirghiz-1044281698.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042016228_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_4ecfd770f1d0b23674a6dc2645c06753.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рухшонаи эмомалӣ, мулоқот, бритониё, сафир, вазири бритониёӣ
тоҷикистон, рухшонаи эмомалӣ, мулоқот, бритониё, сафир, вазири бритониёӣ
Рухшона Эмомалӣ дидорҳои расмиашро дар Лондон бо Лорди бритониёӣ оғоз кард
09:45 30.01.2022 (Навсозишуда: 18:12 31.01.2022) Ахиран сафири навтаъйини Тоҷикистон дар Бритониё бо вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва иттиҳод дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Рухшона Эмомалӣ, сафири Тоҷикистон дар Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ бо лорд Ториқ Аҳмад, вазири давлатии Британияи Кабир дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва иттиҳод мулоқот кард, иттилоъ додааст Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Иттилоъ дода шудааст, ки аснои вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бритониёро дар соҳаҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба дурнамои рушди онҳо табодули афкор намудаанд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ ибрози назар карданд.
Рухшона Эмомалӣ, духтари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо фармони падараш сафири ин кишвар дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ин фармонро рӯзи 15-уми декабр имзо кардааст. Рухшона Эмомалӣ дар ин мақом ҷойгузини Халифазода шуд.
Рухшона Эмомалии 39-сола собиқаи кор дар сафорати Тоҷикистон дар Бритониёро дорад. Ӯ қаблан дар вазифаи муовини сардори Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон кор мекард. Эмомалӣ Раҳмон нуҳ фарзанд дорад ва Рухшона Раҳмонова фарзанди чаҳоруми раиси ҷумҳурӣ аст.