Сабти IMEI-кодҳо: автоматӣ муайян мешавад, кӣ аз кадом телефону таҷҳизот пайваст шудааст

© PixabayЭкран смартфона, архивное фото
Экран смартфона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сабти IMEI-кодҳо ё худ рақамҳои мушаххаси муайянкунандаи таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефонҳоро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Агар симкорт бо истифодаи шиносномаи нави намунаи соли 2014 ба қайд гирифта шавад, сабти IMEI-коди таҷҳизоти соҳиби симкорт автоматӣ сурат мегирад.
Илҳомҷон Атоев, ноиби раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ тавзеҳ дод, ки марҳилаи якуми рушди технологияҳои иттилоотӣ ин азнавбақайдгирии симкортҳо мебошад.
Вай афзуд, баъди сабти симкорт таҷҳизоти мобилӣ, аз ҷумла телефоне, ки ба истифодаи ин симкорт истифода мешавад, автоматӣ ба қайд гирифта мешавад, аз тариқи худкор IMEI-коди таҷҳизот мушаххас мешавад.
Замена сим-карты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Пеш аз пода чанг нахезонед: Атоев гуфт, беш аз 2 млн симкорт ҳанӯз аз қайд нагузаштаанд
Ба гуфтаи мақомдори Хадамоти алоқа, ин иқдом бар асоси қарори ҳукумат аз моҳи марти 2020 дар бораи тартиби бақайдгирии воситаҳои алоқаи мобилӣ амалӣ мешавад. Махзани додаҳо дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳамчун ниҳоди давлатии танзимкунандаи соҳа нигоҳдорӣ мешавад.
Атоев муътақид аст, ки ин чораандешиҳо барои пешгирии қочоқ муҳиманд ва инчунин аз ҳамин восита метавон сифати кори алойқю телефонро муайян намуд.
Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар Тоҷикистон зиёда аз 8 миллион симкорт дар дасти истифодабарандагон аст, ки ҳудуди 5,5 миллион ададаш фаъол мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки ҳанӯз дар кишвар 2,4 миллион симкорт бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд аст, ки аз ин 1,8 миллионаш фаъол мебошад. Таъкид шудаст, ки шаҳрвандон то 15-уми феврали соли равон муҳлат доранд, симкортҳояшонро аз нав ба қайд гиранд.
Лентаи хабарҳо
0