Аз рублу доллар то евро: эълони арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Александр Демьянчук / Гузариш ба медиабонкДоллары
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъори хориҷӣ нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл ба 145,2 сомонӣ баробар шудааст.
Қурби ин асъор тайи рӯзҳои истироҳатӣ қариб, ки бетағйир мондааст. Арзиши пули русӣ аз оғози соли нав ба ин сӯ дар ҳоли навасон қарор дорад.
Қурби рубл охирин бор ба ҳадди ниҳоияш тирамоҳи соли 2021 расида буд, ки он замон 1000 рубл 159 сомонӣ арзиш дошт.
Деньги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Доллар бад аст: ду асъоре, ки бояд фавран аз ҳамён берун партофта шаванд
Арзиши асъори аврупоӣ бошад, боз поин рафта, дар бозори арзи кишвар ҳоло як евро 12.5848 сомонӣ қимат дорад.
Охирин нишондиҳандаи баланди пули аврупоӣ рӯзи 14-уми январ сурат гирифт, ки 1 евро то 12.9577 сомонӣ боло рафта буд.
Дар ин миён арзиши пули амрикоӣ дар бозори арзи Тоҷикистон устуворияшро нигоҳ медорад. Қурби 1 доллар ҳоло дар бозори арзи кишвар 11.3000 сомонӣ аст.
Бо доллар дар соли 2022 чӣ мешавад: пешгӯии дақиқи иқтисоддонҳо
Ҳамчунин қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:
1 доллари ИМА аз 11.3000 то 11.3000 сомонӣ;
1 евро аз 12.5848 то 12.8400 сомонӣ;
1 рубли русӣ аз 0.1452 то 0.1470 сомонӣ.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0