https://sputnik.tj/20220131/mablaghguzori-maorif-tandurusti-sughd-kam-1045362072.html
Маорифу тандурустӣ дар Суғд аз нақша камтар пул гирифтанд
Маорифу тандурустӣ дар Суғд аз нақша камтар пул гирифтанд
Sputnik Тоҷикистон
Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар вилояти Суғд аз буҷети маҳаллӣ нисбати нақша камтар шуд
2022-01-31T19:10+0500
2022-01-31T19:10+0500
2022-02-01T11:38+0500
дар тоҷикистон
маориф
буҷа
маблағ
дахлу харҷ
пул
молия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_0:32:1501:876_1920x0_80_0_0_73b0655394f75916f6bd4387820fca05.jpg
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мақомоти Суғд мегӯянд, барои соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш дар соли гузашта 1 млрд 879,3 млн. сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ сарф шуд. Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, хароҷоти бахши иҷтимоӣ баробари 79%-и хароҷоти буҷаҳои маҳаллӣ буда, нисбат ба соли қаблӣ 370,4 млн сомонӣ афзуд. Аммо дар қиёс бо нақша маблағгузориҳо камтар сурат гирифтаанд. Мақомоти Суғд иттилоъ доданд, ки ба соҳаи маориф 1 млрду 97,5 млн сомонӣ равона гардид, ки 98,7%-и нақшаро ташкил дод. Маблағгузории маориф аз нақша 14,1 млн сомонӣ камтар мебошад, аммо дар муқоиса бо соли пешӣ 216,7 млн сомонӣ ё 24,6% зиёдтар мебошад. Ҳиссаи маориф дар хароҷоти умумии буҷети вилоят 46,1% арзёбӣ гардид. Дар мавриди тандурустӣ ҳукумати Суғд иттилоъ дод, ки соли 2021 ба ин соҳа аз буҷаи маҳаллӣ 543,3 млн сомонӣ равона гардид ва он 97,8%-и нақшаро ташкил медиҳад. Таъкид шудааст, ки ин маблағ дар муоқиса бо нақша 12,0 млн сомонӣ кам, вале нисбат ба соли 2020-ум 51,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи тандурустии вилоят дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ 22,8% арзёбӣ гардид.
https://sputnik.tj/20220131/omuzgor-khatlon-muhojirat-1045347432.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041690889_81:0:1414:1000_1920x0_80_0_0_41421c42049e80223c56ab7c6ce9d132.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, тандурустӣ, маблағ, суғд, нақша, камтар
маориф, тандурустӣ, маблағ, суғд, нақша, камтар
Маорифу тандурустӣ дар Суғд аз нақша камтар пул гирифтанд
19:10 31.01.2022 (Навсозишуда: 11:38 01.02.2022) Маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар вилояти Суғд аз буҷаи маҳаллӣ нисбати нақша камтар иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Мақомоти Суғд мегӯянд, барои соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, нигоҳдории тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳангу варзиш дар соли гузашта 1 млрд 879,3 млн. сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ сарф шуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати Суғд, хароҷоти бахши иҷтимоӣ баробари 79%-и хароҷоти буҷаҳои маҳаллӣ буда, нисбат ба соли қаблӣ 370,4 млн сомонӣ афзуд. Аммо дар қиёс бо нақша маблағгузориҳо камтар сурат гирифтаанд.
Мақомоти Суғд иттилоъ доданд, ки ба соҳаи маориф 1 млрду 97,5 млн сомонӣ равона гардид, ки 98,7%-и нақшаро ташкил дод. Маблағгузории маориф аз нақша 14,1 млн сомонӣ камтар мебошад, аммо дар муқоиса бо соли пешӣ 216,7 млн сомонӣ ё 24,6% зиёдтар мебошад. Ҳиссаи маориф дар хароҷоти умумии буҷети вилоят 46,1% арзёбӣ гардид.
Дар мавриди тандурустӣ ҳукумати Суғд иттилоъ дод, ки соли 2021 ба ин соҳа аз буҷаи маҳаллӣ 543,3 млн сомонӣ равона гардид ва он 97,8%-и нақшаро ташкил медиҳад.
Таъкид шудааст, ки ин маблағ дар муоқиса бо нақша 12,0 млн сомонӣ кам, вале нисбат ба соли 2020-ум 51,8 млн сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи тандурустии вилоят дар хароҷоти амалии буҷетҳои маҳаллӣ 22,8% арзёбӣ гардид.