Гулов: Гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркия аз 390 млн доллар бештар шуд

© дафтари матбуоти ВКХ ТоҷикистонАшрафҷон Гулов, сафири нави Тоҷикистон дар Туркия ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия эътимоднома супорид
Ашрафҷон Гулов, сафири нави Тоҷикистон дар Туркия ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия эътимоднома супорид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2022
Обуна шудан
Сафири Тоҷикистон дар Туркия дар 30-юмин солгарди муносиботи дипломатии миёни ду кишвар аз дастовардҳо суҳбат кард
ДУШАНБЕ, 31 янв – Sputnik. Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия мегӯяд, таҳкими муносибот бо Анкара аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Душанбеи расмӣ мебошад.
Бар асоси суҳбати Гулов, ки "Ховар" нашр кардаст, аз 1 январи соли 2022 вуруди бидуни раводид барои шаҳрвандони Туркия оғоз шуд. Ӯ изҳор доштааст, ки ин иқдом барои рушди сайёҳӣ дар кишвар мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи сафир, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 8 бор ба Туркия сафар анҷом дода, 5 бор роҳбарони Туркияро меҳмондорӣ кардааст. Таъкид шудааст, ки миёни ин ду кишвар 70 созишнома дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Паёмҳои Раҳмону Эрдуғон ба ҳамдигар: Баҳояшон ба гузаштаю назар ба оянда
Додугирифти мол миёни ду кишвар дар соли 2021 ба 390,5 миллион доллар расидааст. Инчунин зикр шудааст, ки ҳоло дар Туркия 600 донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад.
Дар бахши фарҳанг Гулов хабар дод, ки имсол ният доранд, дар Ҷашни Наврӯз дар Туркия барномаи "Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон"-ро ташкил кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркия 29 январи соли 1992 барқарор шуданд.
Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва роҳбари Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамдигарро бо солгарди муносиботи дипломатӣ шодбош гуфта, ҳавасмандияшонро барои таҳкими муносибот баён доштанд.
Лентаи хабарҳо
0