https://sputnik.tj/20220128/rahmon-erdughon-hamdigar-shodbosh-1045304044.html
Паёмҳои Раҳмону Эрдуғон ба ҳамдигар: Баҳояшон ба гузаштаю назар ба оянда
Паёмҳои Раҳмону Эрдуғон ба ҳамдигар: Баҳояшон ба гузаштаю назар ба оянда
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбарони Тоҷикистону Туркия дар солгарди муносиботи дипломатӣ табодули паёмҳои шодбошӣ кардаанд 28.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-28T17:35+0500
2022-01-28T17:35+0500
2022-01-28T20:07+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
раҷаб тайиб эрдуғон
шодбош
паём
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042166620_0:0:2947:1659_1920x0_80_0_0_5029249f1e237399b21f487b8e39b1c1.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди робитаҳои дипломатии ду кишвар шодбош гуфтанд. Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Эрдуғон аз сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст. Раҳмон изҳор доштааст, ки муносибот бо Туркия бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд. "Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард", - изҳор доштааст Раҳмон. Эрдуғон дар паёмаш ба Раҳмон изҳор доштааст, ки Туркия яке аз нахустинҳо дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатиро барқарор намудааст. Президенти Туркия бо дарназардошти таҳаввулоти минтақа, изҳори бовар намудааст, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагии байни давлату мардумон бояд минбаъд низ таҳким ёбад. "Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, то ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем", - афзуд Эрдуғон дар хитоб ба Раҳмон. Раисҷумҳури Туркия изҳори омодагӣ намудааст, кори Шӯрои ҳамкории миёни кишварҳо, ки дар 20-умин солгарди равобити дипломатӣ таъсис дода шуд, бо талошҳои муштарак ба манфиати умум ва некӯаҳволии мардумон вусъат бахшанд. Табодули паём дар ҳолест, ки Туркия аз шарикони тиҷории Тоҷикистон буда, қаблан мақомдорон аз омодагиҳо ба сафари Эрдуғон ба Душанбе хабар дода буданд.
https://sputnik.tj/20210901/safiri-navtayini-tojikiston-erdughon-payomi-rahmon-1042013345.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042166620_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_51c7d2e959937578d14f55f175fcb21d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон, шодбош, паём
дар тоҷикистон, сиёсат , эмомалӣ раҳмон, раҷаб тайиб эрдуғон, шодбош, паём
Паёмҳои Раҳмону Эрдуғон ба ҳамдигар: Баҳояшон ба гузаштаю назар ба оянда
17:35 28.01.2022 (Навсозишуда: 20:07 28.01.2022) Роҳбарони Тоҷикистону Туркия дар солгарди муносиботи дипломатӣ табодули паёмҳои шодбошӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон ҳамдигарро бо 30-юмин солгарди робитаҳои дипломатии ду кишвар шодбош гуфтанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон дар паёмаш ба Эрдуғон аз сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои ду кишвар изҳори қаноатмандӣ кардааст. Раҳмон изҳор доштааст, ки муносибот бо Туркия бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд.
"Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард", - изҳор доштааст Раҳмон.
Эрдуғон дар паёмаш ба Раҳмон изҳор доштааст, ки Туркия яке аз нахустинҳо дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатиро барқарор намудааст.
Президенти Туркия бо дарназардошти таҳаввулоти минтақа, изҳори бовар намудааст, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагии байни давлату мардумон бояд минбаъд низ таҳким ёбад.
"Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, то ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем", - афзуд Эрдуғон дар хитоб ба Раҳмон.
Раисҷумҳури Туркия изҳори омодагӣ намудааст, кори Шӯрои ҳамкории миёни кишварҳо, ки дар 20-умин солгарди равобити дипломатӣ таъсис дода шуд, бо талошҳои муштарак ба манфиати умум ва некӯаҳволии мардумон вусъат бахшанд.
Табодули паём дар ҳолест, ки Туркия аз шарикони тиҷории Тоҷикистон буда, қаблан мақомдорон аз омодагиҳо ба сафари Эрдуғон ба Душанбе хабар дода буданд.