https://sputnik.tj/20220126/ronanda-bmw-idora-naqliyot-sadama-purqurboni-sughd-1045153022.html
Ронандаи BMW аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромад: ВУД садамаи пурқурбонӣ дар Суғдро шарҳ дод
Ронандаи BMW аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромад: ВУД садамаи пурқурбонӣ дар Суғдро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Суғдро, ки чор кушта аз як оила, аз ҷумла се занро барҷой гузошт, шарҳ дод
2022-01-26T12:35+0500
2022-01-26T12:35+0500
2022-01-26T18:01+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
суғд
садама
ҷароҳат
бархӯрд
мусофир
ҳалокат
ронанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:145:3073:1873_1920x0_80_0_0_960aa990c3a2ed123aec3b68dc7a5829.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Чаноқ - Мастчоҳ бар асари аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандаи BMW рух додаст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, сонеҳа дар пайи он рух додааст, ки ронандаи 31-солаи BMW ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Чаноқ - Бобоҷон Ғафуров - Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст. Манбаъ афзуд, ки дар пайи ноуҳдабароии ронанда BMW дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба худрави тамғаи "ВАЗ-21031" бархӯрдааст. Ҳам ронанда ва ҳамаи се мусофири мошини "Жигули" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.ВУД афзуд, ки ронандаи "ВАЗ-21031" сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Аз мусофиронаш низ аъзои як оила, занони 36, 62 ва 70-сола ном бурда шудааст. Ронандаи BMW, сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд ва мусофири ин худрав ҷавони 27-сола, сокини шаҳри Душанбе дар беморхона бистарӣ шудаанд. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ҷузъиёти ин ҳодиса идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.
https://sputnik.tj/20220125/halokati-uzvi-oila-barkhurdi-zhiguli-bmw-1045130064.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/15/1045017672_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1fc3a897012bd47aad2b7b1d78a4362a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вуд, садама, пурқурбонӣ, суғд, шарҳ
вуд, садама, пурқурбонӣ, суғд, шарҳ
Ронандаи BMW аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромад: ВУД садамаи пурқурбонӣ дар Суғдро шарҳ дод
12:35 26.01.2022 (Навсозишуда: 18:01 26.01.2022) Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар вилояти Суғдро шарҳ доданд, ки чор кушта аз як оила, аз ҷумла се ҷасади занро барҷой гузошт
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Чаноқ - Мастчоҳ бар асари аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандаи BMW рух додаст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфт, сонеҳа дар пайи он рух додааст, ки ронандаи 31-солаи BMW ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Чаноқ - Бобоҷон Ғафуров - Мастчоҳ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи ноуҳдабароии ронанда BMW дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба худрави тамғаи "ВАЗ-21031" бархӯрдааст. Ҳам ронанда ва ҳамаи се мусофири мошини "Жигули" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
ВУД афзуд, ки ронандаи "ВАЗ-21031" сокини 37-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Аз мусофиронаш низ аъзои як оила, занони 36, 62 ва 70-сола ном бурда шудааст.
Ронандаи BMW, сокини 31-солаи шаҳри Хуҷанд ва мусофири ин худрав ҷавони 27-сола, сокини шаҳри Душанбе дар беморхона бистарӣ шудаанд.
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, феълан таҳқиқи ҷузъиёти ин ҳодиса идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки масъулини роҳу нақлиёти Тоҷикистон дар феҳрасти омилҳои асосии сар задани садамаҳо риоя накардани аломатҳои роҳ, ҳолати техникӣ, ҳолати роҳҳо, бо суръати баланд рондани автомобил, муқобили самти ҳаракат баромадани баъзе ронандагон, идораи мошин дар ҳолати сархӯшӣ, бидуни аз худ накардани нозукиҳои касбӣ гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ гуфтаанд.