Мансаби духтари Раҳмон, “допингхӯрӣ”-и Муин ва боз таниш бо қирғизҳо

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Обуна шудан
Ҳафтаи рафта Тоҷикистон шоҳиди рухдодҳои зиёд буд: ҳангомаовартаринашон сафир таъйин шудани Рухшонаи Эмомалӣ, ба истифодаи допинг муттаҳам шудани варзишкори машҳур ва сурат гирифтани боз як ҳодисаи ҷанҷолӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мебошанд
ДУШАНБЕ, 20 дек – Sputnik, Фарида Бобоҷонова. Дӯстдорони пайгирӣ ва баҳси тағйироти кадриро дар ҳафтаи гузашта, 14-21 декабр дар Тоҷикистон навигониҳои “аҷибу ғариб”-е интизор буд. Зеро тайи ин рӯзҳо на танҳо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз духтаронашро сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ таъйин кард, балки чанд тағйироти кадрии дигарро низ сабти сафҳаи таърих кард.
Ҳафта барои мухлисони варзиш низ ҷолиб буд: Муин Ғафуров, варзишгари машҳурро ба истифодаи допинг муттаҳам карданд.
Қариб охири ҳафта буд, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз тирпаронӣ сар зад. Дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта низ вазъ дар ин минтақа на чандон ором буд.
Шарҳи ин ва дигар хабару гузоришҳои ҳафтаи рафтаро аз гузориши вижаи Sputnik Тоҷикистон пайгирӣ кунед.

Нахустин зан – сафир аз Тоҷикистон

15 декабр дафтари матбуотии раёсатҷумҳурӣ дар бораи иваз шудани сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хабар дод.
Ба ин мақом Рухшонаи Эмомалии 39-сола, фарзанди чаҳоруми раисҷумҳури Тоҷикистон таъйин гардид.
Мӯҷибахон Ҷавҳарова, вакили нави порлумони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
“Рӯзноманигор, донандаи се забон, аз Чоркӯҳ”: вакили нави ҲХДТ дар парлумон кист?
Ӯ дар сафир Халифазода Масъудро иваз кард, ки бо фармони дигар ба далели гузаштан ба кори нав аз вазифа озод гардид.
Халифазода моҳи сентябри соли 2018 сафири Тоҷикистон дар ин кишвар таъйин гардида буд.
Рухшонаи Эмомалӣ собиқаи корӣ дар мақомоти умури хориҷии кишварро дорад. Номи ӯ қаблан дар феҳрасти мақомдорони Вазорати умури хориҷа пайдо шуда буд.
Қабл аз кор дар ин мақом ӯ дар намояндагии Тоҷикистон дар Бритониё низ фаъолият доштааст.
Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ - бонувон аз ин таъйинот изҳори хушнудӣ намуданд.
Ёдрас мекунем, духтари дигари раисҷумҳур Озода Раҳмон раиси Дастгоҳи президент ва Рустами Эмомалӣ, писари калонии ӯ раиси шаҳри Душанбе ва Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст.

Тағйироти кадрии ҳафта

Дар ҳамин рӯз Раҳмон дар Гвардияи миллӣ низ тағйироти кадрӣ анҷом дод.
Тибқи фармони президент, командири Бригадаи якуми махсуси зудамали
гвардия Муҳибуллозода Исматулло Фатҳулло аз вазифа озод карда шуд.
Ҳамчунин сардори Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ, подполковник Холматзода Исроил Муҳаббат бо сабаби ба кори дигар гузаштан сабукдӯш гардида, ба ҷояш подполковники гвардия Раҳимов Олимхон Ширинович таъйин шуд.
Полковник Шамсуддинзода Ризвон Саидхӯҷа аз вазифаи командири Бригадаи дуюми махсуси зудамал озод шуда, командири Бригадаи якуми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ таъйин гардид.
Ҳамчунин мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Тоҷикистон ва фармони президент, подполковник Одиназода Абдусалом Маҳмадулло командири Бригадаи дуюми махсуси зудамали Гвардияи миллӣ мансуб шуд.
Рустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ бо пешниҳоди президенту ҷонибдории парлумон
Бо фармони дигари кишвардор Шарифзода Азизҷон Шарифро аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод кард. Далели барканории додрас “содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, гуфта мешавад.
Баъди ду рӯз, 17 декабр Палатаи болоии парлумон ба се додрас дар додгоҳҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олӣ мақом дода, барканории бархеи дигарро тасвиб намуд.
Бар асоси пешниҳоди президенту тасвиби парлумон, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон интихоб гардид.
Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ шуд. Пешниҳоди таъйиноти Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад низ ба мақоми судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қабул шуд.
Инчунин Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии кор дар мақоми судя аз додрасии Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ бозхонд гардид. Мақоми Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бозхонд шудааст.

“Допингхӯрӣ”-и Муин

Муин Ғафуров, размкори шинохта, нахустин тоҷике, ки қариб бо UFC шартнома мебаст, ба истифодаи допинг муттаҳам шуд. Зоҳиран ба варзишгарони тоҷик низ ҳамлаи “допинг” сар шудааст. Пештар Дилшод Назаровро ба истифодаи он гунаҳкор карда буданд.
Дар пайи ин иттиҳомот Ғафурови 26-сола аз ҳаққи ширкат дар набардҳо тайи шаш моҳ маҳрум шудааст.
Муин Гафуров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.12.2021
Муин Ғафуров барои допинг аз набардҳо маҳрум шуд
Дертар худи Муин ин гузоришҳоро рад карда гуфт, ки ӯ допинг истифода набурда, балки нишондоди ташхис дар натиҷаи ҷарроҳиест, ки ба вай дору гузаронида шуда буд. Ӯ барои далели гуфтаҳояш ҳуҷҷат низ пешниҳод кардааст.
Дар натиҷа, аз размкор дархост шудааст, ки мувваққатан аз иштирок дар набардҳо худдорӣ кунад. Муин Ғафуров феълан дар Амрико тамрин мекунад.

Роҳи Ҳаҷ кушода шуд

Авали ҳафта маълум шуд, ки Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон баъди маҳдудиятҳои ковидӣ иҷозаи адои ҳаҷҷи умраро дод, ба шарте ки ваксин гирифта бошанд. Феълан дар ҷумҳурӣ иқдоми ирсоли хоҳишмандон ба зиёрати Каъба гирифта нашудааст ва хулосаи Ситоди мубориза бо коронавирусро интизоранд.
“Роҳи оҳани Русия” бошад, эълон кард, ки то охири соли 2022 барои интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон тахфифи махсус муқаррар мекунад.
Гуфта мешавад, барои ҳамлу нақли сабзавоту меваҷот дар вагони яхдондор 50% тахфиф ҷорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки ин кишвар аз соли 2013 ба Тоҷикистон тахфифи муайяне барои ҳамлу нақлро роҳандозӣ кардааст.
Андозаи ибтидоии тахфиф 12,8% буд, ки то соли 2018 тадриҷан то 50% расид.

Боз тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ҷанҷол ба қайд гирифта шуд.
17 декабр Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ дода гуфт, дар деҳаи Сомониён аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон сохтмони ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шуд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.12.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ Тоҷикистон тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод
Сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқӣ бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ барпо намуд.
Аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд.
Дар натиҷа сардори дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз авҷи низоъ, бо риояи қатъии талаботи муқаррарнамудаи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.
Манбаъ афзуда, намояндагони марзбонии тарафҳо, ки ба ҷойи ҳодиса расида буданд, ба мувофиқа расиданд, то ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.
Рӯзе пештар аз ин ҳодиса Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон низ хабар дода буд.
Хадамот далелҳои КДАМ Тоҷикистонро таъйид намудаву фақат дар ҷойи “сохтмони ғайриқонунӣ” “ба гуфтаи сарҳадбонони Тоҷикистон, сохтмони ғайриқонунӣ” навишта буд.
Лентаи хабарҳо
0