Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

"Қирғизистон техникаи ҳарбии зиёд харид": Тошиев гуфт, ҳамааш барои Бодканданд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкПункт пропуска на границе Кыргызстана
Пункт пропуска на границе Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, тамоми техникаи ҳарбии нав харидоришударо ба вилояти Бодканд интиқол медиҳанд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Тавоноии дифоии Қирғизистон дар сурати мухолифатҳои мусаллаҳона таҳким дода шуда, техникаҳои нави ҳарбӣ ворид мегарданд, изҳор дошт Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ дар суҳбат бо сокинони деҳаи Оқсойи Бодканд.
Ба навиштаи Sputnik Қирғизистон, Тошиев таъкид намуд, набояд фикрҳое бошанд, ки мо осон онҳоро шикаст медиҳем.
"Чунин фикрҳо набояд бошанд, чун ҳеч чизи хубе намеоранд. Аммо дар зимн мо имкон пайдо кардаем, ки беҳтар аз худ дифоъ кунем. Қаблан чунин набуд", - гуфт раиси КДАМ Қирғизистон.
Ӯ афзуд, моҳи феврал техникаи муосири ҳарбӣ ба мақомоти марзбонӣ дар Бодканд таcлим хоҳанд шуд ва аллакай пули онҳо пардохт гардидааст.
"Шумо хоҳед дид, ки чунин техникаро мо ҳич гоҳ надоштаем. Ҳамаро ба Бодканд медиҳем. Ин бо пули давлат харида шудааст. Соли 2021 даромади буҷа аз нақша зиёд иҷро шуд", - таъкид кард Тошиев.
Дар баробари ин Тошиев дар мулоқот бо сокинони вилояти Бодканд таъкид намудааст, ки масоили марзӣ бо Тоҷикистон аз тариқи гузашту муросо ҳал мешаванд.
Председатель ГКНБ Камчыбек Ташиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ба фоидаи танҳо Тоҷикистон ё Қирғизистон намешавад: Тошиев роҳҳалли баҳси марзиро гуфт
Вай дар идома изҳор доштааст, ки дар марҳилаи аввал масоили марбути Кулунду, Мақсад, Арка, Интернатсионал ва Борбордуқ ҳал мешаванду сипас ба ҳалли масоили марзии Қоқ-Терек, Отрто, Боз, Таш, Тумшуқ ва Самонян мепардозанд.
Дар мавриди марзкушоӣ бо Тоҷикистон, ки аз моҳи майи соли гузашта то ҳол баста мебошад, Тошиев иттилоъ додааст, ки сарҳад баъди анҷоми аломатгузорӣ кушода мешавад.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки то ҳол ҳудуди 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянии қисматҳои дигари марзӣ мунтазам боиси таниши ҷонибҳо мегардад, ки баъзан ба даргирии мусаллаҳона ва хунрезиҳо мепечад.
Лентаи хабарҳо
0