Интиқоли ҷасади шаш муҳоҷири заҳролудшудаи тоҷик ба Ватан: се нафарашон узви як оилаанд

© Sputnik / Амир ИсаевМужчина совершает молитву на кладбище
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2022
Обуна шудан
Ҷасади шаш муҳоҷири тоҷикро, ки дар вилояти Волгоград заҳролуд шуда буданд, ба Ватан оварданд
ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз шаш муҳоҷири заҳролудшуда се нафарашон аз як оила, аз ноҳияи Вахш мебошанд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати муҳоҷират дар вилояти Хатлон, миёни ҳалокшудагон чор нафарашон аз ноҳияи Вахш, як нафар аз Ҷайҳун ва як нафари дигар аз ноҳияи Ҳамадонӣ аст.
Манбаъ афзуд, Файзиддиновҳо Қобилҷони 20-сола, Қосимҷони 19-сола ва Нуриддини 36-сола аъзои як оилаанд. Муҳоҷири заҳролудшудаи чорум аз ноҳияи Вахш Кабутов Саидакрам, сокини 21-солаи деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Тоҷикобод мебошад.
Человек за стеклом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Шоҳиди марги шаш тоҷик дар Волгоград даҳшати он рӯзро нақл кард: якеаш ҳанӯз гарм буд
Мақомоти муҳоҷирати Хатлон дар феҳрасти муҳоҷирони ҳалокшуда инчунин Саломов Идибек, сокини 21-солаи ноҳияи Ҷайҳун ва Муҳамадҷони Раҳмоналӣ, сокини 21-солаи ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадониро низ номбар кардаанд.
Таъкид шудааст, ки гурӯҳи мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Самад Саидзода, сардори Раёсати хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон барои изҳори ҳамдардӣ ба наздикони муҳоҷирони фавтида ба фурудгоҳи Душанбе рафтаанд. Ҷасадҳо аз тариқи мошинҳои ёрии таъҷилӣ ба зодгоҳашон бурда шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳодисаи заҳролудшавии муҳоҷирони тоҷик дар як гармхона дар вилояти Волгоград 26 январ рух дод. Бар асоси маълумоти аввалия, ҳангоми кор дар гармхона шаш нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, онҳоро коргари ҳафтум ошкор карда, ба корфармо муроҷиат кард ва ӯ мошини ёрии таъҷилиро даъват намудааст. Ҳоло муҳоҷири ҳафтум дар бемористон қарор дорад.
Мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз карда, таҳқиқоти он идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0