Шоҳиди марги шаш тоҷик дар Волгоград даҳшати он рӯзро нақл кард: якеаш ҳанӯз гарм буд

© Unsplash/Clem OnojeghuoЧеловек за стеклом
Человек за стеклом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Корманди гармхонае, ки дар он фоҷиа рух дод, дар бораи ҳодисае, ки бо онҳо рух дод, пеш аз ба беморхона афтидан, нақл кард
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар ин бора ба иҷрокунандаи вазифаи додситони вилояти Волгоград Владимир Мосин ва раиси шаҳраки Рахински ноҳияи Среднеахтубинский Федор Кадовба хабар додаанд.
Мард аз дидани рафиқони беҷонаш, ки ҳанӯз баданашон сард нашуда будааст, ба даҳшат афтодааст.

"Вақте ки ӯ дӯстонашро дид, берун ҷаҳида, ба прораб занг зад, аммо ӯ телефонро нагирифт, боз даромад, дуртар рафт, якеро, ки курта дошт, даст кард, ӯ ҳанӯз гарм буд," - гуфт Кадовба.

Ба гуфти ӯ, шахсе, ки мурдаҳоро пайдо кард, худро бад эҳсос карда, ба берун баромада, ба замин афтодааст. Чун ба худ омад, боз ба зангзанӣ пардохт.
Мемориал со свечами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Аъзои як хонавода ва аз 20-сола боло: эълони номи шаш тоҷики ҳалокшуда дар Волгоград
Баъдан дар ҷои ҳодиса муфаттишон ва намояндагони додситонӣ ҳозир шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин ҳодиса 26 январи соли 2022 рух дод. Тибқи иттилои тафтишот, ин ҳафт шаҳрванди кишвар барои анҷом додани корҳои зироаткорӣ ба вилояти Волгоград рафта будаанд.
Марги мудҳиши шаш тоҷик дар Волгоград: шарҳи сафорат
Кумитаи тафтишот пас аз марги шаш муҳоҷири тоҷик дар вилояти Волгоград дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Ҳалокати шаш тоҷикистонӣ бар асари заҳролудшавӣ дар Волгоград
Ҳангоми кор дар гармхона шаш нафар аз оксиди карбон заҳролуд шуда, онҳоро коргари ҳафтум ошкор карда, ба корфармо муроҷиат кард ва ӯ мошини ёрии таъҷилиро даъват намудааст. Ҳоло муҳоҷири ҳафтум дар бемористон қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0