https://sputnik.tj/20220129/rahmon-chin-safar-1045320721.html
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад: замон ва сабаб
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад: замон ва сабаб
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Тоҷикистон даъвати президенти Чинро пазируфт
2022-01-29T15:50+0500
2022-01-29T15:50+0500
2022-01-31T16:23+0500
эмомалӣ раҳмон
чин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/05/1030180591_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_c9c504da7b6a36e2f661a4182df5e876.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати президенти Чинро пазируфт ва барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин ба Чин сафар мекунад.Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо сарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон мулоқот менамояд хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 рӯзи чоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин дар назар аст. Феълан омодагиҳо дар Чин идома дошта, се маҳалли олимпӣ 27 январ ифтитоҳ шуд.Дар мавриди даъвати меҳмонон ба он Пекин изҳор дошт, ки даъватномаро унвонии мақомдорону чеҳраҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ равон намудааст."Дар айни ҳол роҳбарони давлатҳои зиёд, раисони ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳӣ барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин сабти ном карданду мо онҳоро истиқбол мегирем", - гуфт намояндаи ВУХ-и Чин, Ван Вэнбин.Пештар хабар дода шуд, ки роҳбари Чин аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват намудааст, ки моҳи феврали соли равон меҳмонаш шавад.Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор карда буд, ки интизор меравад, нахустин сафари хориҷии Владимир Путин дар соли 2022 ба Чин сурат гирад. Дар назар аст, ки президенти Русия дар маросими кушодашави Бозиҳои олимпии зимистона иштирок намояд.Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220123/davat-jinpin-emomali-rahmon-bozdid-chin-1045071690.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103018/05/1030180591_109:0:2840:2048_1920x0_80_0_0_d553ccd9f04e9d2c70cd4b091a63d8c7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чин, эмомалӣ раҳмон,
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад: замон ва сабаб
15:50 29.01.2022 (Навсозишуда: 16:23 31.01.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати президенти Чинро пазируфт
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъвати президенти Чинро пазируфт ва барои ширкат дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар Пекин ба Чин сафар мекунад.
Раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо сарони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон мулоқот менамояд хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона - 2022 рӯзи чоруми феврал дар варзишгоҳи Пекин дар назар аст. Феълан омодагиҳо дар Чин идома дошта, се маҳалли олимпӣ 27 январ ифтитоҳ шуд.
Дар мавриди даъвати меҳмонон ба он Пекин изҳор дошт, ки даъватномаро унвонии мақомдорону чеҳраҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ равон намудааст.
"Дар айни ҳол роҳбарони давлатҳои зиёд, раисони ҳукуматҳо ва аъзои оилаҳои шоҳӣ барои иштирок дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин сабти ном карданду мо онҳоро истиқбол мегирем", - гуфт намояндаи ВУХ-и Чин, Ван Вэнбин.
Пештар хабар дода шуд, ки роҳбари Чин аз
раисҷумҳури Тоҷикистон даъват намудааст, ки моҳи феврали соли равон меҳмонаш шавад.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор карда буд, ки интизор меравад, нахустин сафари хориҷии Владимир Путин дар соли 2022 ба Чин сурат гирад. Дар назар аст, ки президенти Русия дар маросими кушодашави Бозиҳои олимпии зимистона иштирок намояд.
Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.