Қаллобии махсусан калон дар шаҳри Хуҷанд: парвандаи ҷиноӣ боз шуд

© Sputnik Таджикские сомони на столе
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.01.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз қаллобии махсусан калон хабар додааст
ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Нисбати марди 46-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо моддаи 247, қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гумони қалобӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳодисаи қаллобӣ моҳи феврали соли 2021 рух додааст.
Ҳамин тавр марди 46-сола бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 25-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, аз ӯ 416 ҳазор сомониро бо ҳар баҳона гирифтааст.

"Аз ин 131 ҳазор сомониашро баргардонида, боқимонда 285 ҳазор сомониро ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст", - омадааст дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки нисбат ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон аз ҳолатҳои фиребкорӣ тайи вақтҳои охир хабарҳои зиёде нашр мекунанд.
Автомобильный рынок  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2022
Панҷ мошини гаронбаҳоро фурӯхту пулро ба соҳибашон надод: таҳқиқи қаллобӣ дар Душанбе
Аз ҷумла ахиран як марди 40-солаи сокини шаҳри Душанберо бо ҳамин иттиҳом боздошт карда буданд.
Ӯ дар он гумонбар дониста мешуд, ки аз марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, ду адад автомашинаҳои тамғаи БМВ-Х5 ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст. Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомонӣ ҳисоб шудааст.
Инчунин як марди 41-солаи дигарро бо иттиҳоми қаллобӣ дастгир кардаанд, ки бо роҳи фиреб ба бовари марди 44-сола даромада, аз ӯ шаш адад автомашинаи гуногунтамғаро нарх гузошта, насия гирифтаст, аммо пулро надодааст.
Мақомот зарари расонидашуда дар ин ҳолатро 442 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ намудаанд.
Лентаи хабарҳо
0