Қисме аз Ӯзбекистон дубора бебарқ монд: сабаб

© Pixabay/a_roeslerЛампа накаливания
Лампа накаливания - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Кадом минтақа аз қатъи нерӯи барқ ​​осеб дид ва оё он ба қатъи барқ, ки рӯзи гузашта дар Осиёи Марказӣ рух дод, пайвандие дошт. Посух ба ин суолҳоро аз хабари зерин дарёбед
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар яке аз вилоятҳои Ӯзбекистон нерӯи барқ ​​дубора хомӯш шуд. Ин дафъа сабабаш шамоли сахт будааст.

"Дар пайи вазиши бод дар бархе аз манотиқи вилояти Қашқадарё интиқоли нерӯи барқ ​​қатъ шудааст", — гуфтанд дар Вазорати энергетика.

Хатҳои барқ ​​​​бо сабабҳои амниятӣ муваққатан аз шабака ҷудо карда шудаанд, менависад Sputnik Ӯзбекистон аз қавли Вазорат.
Манбаъ афзуда, ки баробари кам шудани вазиши бод ноқилҳо пайваст ва интиқоли барқ барқарор мешавад.

Блэкаут дар Осиёи Марказӣ

Субҳи рӯзи сешанбе якбора дар се кишвари Осиёи Марказӣ интиқоли нерӯи барқ қатъ шуд.
Дар натиҷа бисёре аз шаҳрҳои ҷануби Қазоқистон, саросари Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз нерӯи барқ ​​маҳрум шуданд.
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Қатъи сартосарии барқ дар Осиёи Марказӣ аз куҷо оғоз шуд?
Дар баробари бебарқ мондан дар як қатор навоҳӣ об низ набуд. Чароғакҳои роҳнамо аз кор бозмонда, иртиботот гусаста шуд.
Ҳама гуна нақлиёт муваққатан аз кор монд. Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон хостааст, ки аз хулосаи бармаҳал дар бораи сабабҳои қатъи барқ ​​худдорӣ кунад ва мунтазири тасмими комиссияи ҳукуматӣ, ки аз тарафи Мирзиёев ташкил шудааст, бимонад.
Оё Тоҷикистон аз қатъи сарторсарии барқ дар Осиёи Марказӣ зарар дид? посухи "Барқи тоҷик"
Ширкати шабакаи барқи Қазоқистон KEGOC дар навбати худ расиши кӯтоҳ дар нерӯгоҳи Сирдарёи Ӯзбекистонро сабаби қатъи густардаи барқ ​​дар Осиёи Марказӣ унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0