Қатъи сартосарии барқ дар Осиёи Марказӣ аз куҷо оғоз шуд?

CC0 / Pxhere / Линия электропередачи
Линия электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Обуна шудан
Чанд рӯз пеш дар системаи барқрасонии Қазоқистон мушкиле ба вуҷуд омада буд
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон чанд рӯз пеш вазъи муташанниҷ дар мавриди нигоҳ доштани мувозинати нерӯи барқ ​​ва иқтидор мушоҳида шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Дар ин замина аз 24 то 31 январ энергетикҳои Қазоқистон интиқоли барқ барои кормандони умури маодинро қатъ карданд.
Линии электропередач, Дубаи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2022
Оё Тоҷикистон аз қатъи сарторсарии барқ дар Осиёи Марказӣ зарар дид? посухи "Барқи тоҷик"
Тибқи ҳисобҳои Донишгоҳи Кембриҷ, Қазоқистон аз рӯи истихроҷи биткоинҳо дар ҷаҳон пас аз ИМА дар ҷойи дуюм қарор дорад, вале аз Русия дар ҷойгоҳи пештар аст.

Қатъи сартосарии барқ дар Осиёи Марказӣ

Рӯзи 25-уми январ, тахминан соати 11:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар Ӯзбекистон нерӯи барқ ​​қатъ шуд. Нокомӣ дар система якбора якчанд шаҳрро фаро гирифт. Аз ҷумла Тошкент, Гулистон, Қаршӣ, Самарқанд, Бухоро, Қӯқанд, Чирчиқ бе барқ монданд.
Қатъи барқ ​​на танҳо дар Ӯзбекистон рух дод, балки дар Алмаато, Бишкек ва як қатор вилоятҳои Қирғизистон низ ба мушоҳида расид.
Дар ҳамин ҳол Вазорати энержии Ӯзбекистон як садамаи бузург дар шабакаҳои энержии Қазоқистони ҳамсояро сабаби қатъи он унвон кард.
Лентаи хабарҳо
0