КДАМ: Ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкБеспилотник Bayraktar TB2, архивное фото
Беспилотник Bayraktar TB2, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз идомаи тирандозӣ аз тарафи Қирғизистони ҳамсоя хабар дод
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар ҳоли ҳозир аз сӯйи Қирғизистон тирборони рустоҳои марзӣ дар шимоли Тоҷикистон идома дорад, хабар медиҳад Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки тирандозӣ ба сӯйи сокинони маҳаллӣ, мошинҳо ва иншооти гуногуни зерсохторӣ сурат мегирад.
"Тирборони шадид идома дорад. Постгоҳҳои сарҳадӣ аз миномётҳо тирандозӣ карда мешаванд", - гуфт манбаъ.
Илова бар ин Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин дар ҳудуди рустоҳои Суғд, ки ҳарими ҳавоӣ дар марзро вайрон кардаанд, сабт шудааст.
Каска на обочине дороги в Нагорном Карабахе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: хумпора ба болои хонааш задааст
Ин ниҳод гуфтааст, ба манотиқи наздисарҳадии вилояти Бодканд кӯчонидани ҷузъу томҳои ҷудогона, ҷузъу томҳои ҳарбӣ ва техникаи ҳарбӣ мушоҳида мешавад.

"Айни замон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба сӯйи сокинони маҳаллӣ, воситаҳои нақлиёт ва иншооти гуногуни инфрасохторӣ тирборони шадид идома дорад. Дидбонгоҳои наздисарҳадӣ аз миномётҳо тирборон карда мешаванд",- афзуд КДАМ.

Таъкид шудааст, ки айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ, фейкӣ дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад.
Лентаи хабарҳо
0