https://sputnik.tj/20220128/tojikiston-qirghiziston-pahni-malumot-durugh-1045275974.html
Тоҷикистон Қирғизистонро ба паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи ҳаводиси марзӣ муттаҳам кард
Тоҷикистон Қирғизистонро ба паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи ҳаводиси марзӣ муттаҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни иттилоърасонӣ дар бораи муноқиша дар марз бо Қирғизистон хабарҳои нодуруст нашр шудаанд 28.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-28T00:48+0500
2022-01-28T00:48+0500
2022-01-28T16:40+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/93/1029879300_0:58:1000:621_1920x0_80_0_0_172de857ed271ad9ac1746af1de4e5b8.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Қирғизистон тавассути расонаҳо ҳамлаи иттилоотӣ анҷом медиҳад. Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмияш таъкид кард.Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқиша рух дод. Тибқи иттилои КДАМ Тоҷикистон, муноқишаб ба далели бо санг задани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳо сар задааст. Тавре дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, як гурӯҳи шаҳрвандони Қирғизистон мошини шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбуран боздоштаанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти ҳар ду ҷониб тасмими дидорро мегиранд.Мақомоти тоҷик барои гуфтушунид ба маҳалли ҳодиса ҳозир мешаванд, аммо намояндагони Қирғизистон ба мулоқот наомада, ба ҷои ин тахминан соати 18:10 марзбононашон мавқеи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуд ба сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон шиллик кардаанд.Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад.Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз маҳалли ҳодиса, 11 сарбози тоҷик ва ду ғайринизомӣ захмӣ шудаанд. Дар бораи як нафар фавтида низ гуфта мешавад, ки ӯ аз сокинони маҳаллӣ аст.Аз ҷониби Қирғизистон бошад, хабарҳо дар бораи захмӣ шудани чаҳор нафар мунташир шудаанд.
https://sputnik.tj/20220127/kushta-munoqisha-marz-1045274008.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/93/1029879300_60:0:1000:705_1920x0_80_0_0_fce33a9c53eeb80e40d0b05c2e47e9db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқишаи марзӣ
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқишаи марзӣ
Тоҷикистон Қирғизистонро ба паҳни маълумоти дурӯғ дар бораи ҳаводиси марзӣ муттаҳам кард
00:48 28.01.2022 (Навсозишуда: 16:40 28.01.2022) Хадамоти марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҷараёни иттилоърасонӣ дар бораи муноқиша дар марз бо Қирғизистон хабарҳои нодуруст нашр шудаанд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Қирғизистон тавассути расонаҳо ҳамлаи иттилоотӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмияш таъкид кард.
"Айни замон ҷониби Қирғизистон бо мақсади пинҳон кардани амалҳои ғайриқонунии худ оммаро бо маълумоти бардурӯғ ва фейкӣ дар ВАО ва манбаҳои гуногуни интернетӣ фаъолона коркард ва паҳн мекунад", - гуфта мешавад дар изҳороти КДАМ.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз як муноқиша рух дод.
Тибқи иттилои КДАМ Тоҷикистон, муноқишаб ба далели бо санг задани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизҳо сар задааст.
Тавре дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, як гурӯҳи шаҳрвандони Қирғизистон мошини шаҳрванди Тоҷикистонро маҷбуран боздоштаанд.
Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти ҳар ду ҷониб тасмими дидорро мегиранд.
Мақомоти тоҷик барои гуфтушунид ба маҳалли ҳодиса ҳозир мешаванд, аммо намояндагони Қирғизистон ба мулоқот наомада, ба ҷои ин тахминан соати 18:10 марзбононашон мавқеи оташфишониро ишғол карда, аз силоҳи оташфишони мавҷуд ба сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон шиллик кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир тирборон аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон босуръат афзоиш меёбад. Дар байни сокинони осоишта ва сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон талафот дида мешавад.
Ба гузориши хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз маҳалли ҳодиса, 11 сарбози тоҷик ва ду ғайринизомӣ захмӣ шудаанд.
Дар бораи як нафар фавтида низ гуфта мешавад, ки ӯ аз сокинони маҳаллӣ аст.
Аз ҷониби Қирғизистон бошад, хабарҳо дар бораи захмӣ шудани чаҳор нафар мунташир шудаанд.