https://sputnik.tj/20220127/kushta-munoqisha-marz-1045274008.html
Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: хумпора ба болои хонааш задааст
Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: хумпора ба болои хонааш задааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот аз аввалин фавт дар пайи муноқишаи марзӣ гузориш медиҳанд 27.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-27T23:38+0500
2022-01-27T23:38+0500
2022-01-28T14:34+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032281996_0:199:3287:2048_1920x0_80_0_0_511e5c08370f0b14d29ddc8cc09dba28.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Обидҷон Тӯйчиев, як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар пайи тирандозии қирғизҳо дар хонаи истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.Ин иттилоъро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳоло дар деҳаи Сомониён, маҳалли муноқишаи марзӣ қарор дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард. Бино ба гуфтаи манбаъ, дар пайи бархӯрди хумпора ба болои хонааш Тӯйчиев ба шаҳодат расидааст. Сухангӯи шаҳрдори Исфара вазъи марз бо Қирғизистонро муташанниҷ арзёбӣ кард. Ба иттилои манобеъ, то ин лаҳзаҳо ҳанӯз муноқиша хатм нашуда, аз ду ҷониб садои тир баланд мешавад.Теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 13 тан расидааст.Ёдовар мешавем, ки шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистонониён сар задааст.Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодисаНамояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик кардаанд.Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.
https://sputnik.tj/20220127/yovari-raisi-ifara-zakhmi-shud-1045272321.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/10/1032281996_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_240bcadd40c264f463d59efdc0c45a26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқишаи марзӣ
дар тоҷикистон, қирғизистон, муноқишаи марзӣ
Ҳалокати як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар муноқишаи марзӣ: хумпора ба болои хонааш задааст
23:38 27.01.2022 (Навсозишуда: 14:34 28.01.2022) Мақомот аз аввалин фавт дар пайи муноқишаи марзӣ гузориш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 27 янв – Sputnik. Обидҷон Тӯйчиев, як сокини деҳаи Хоҷаи Аъло дар пайи тирандозии қирғизҳо дар хонаи истиқоматиаш ба ҳалокат расидааст.
Ин иттилоъро Зубайдулло Шомадов, сухангӯи ҳукумати шаҳри Исфара, ки ҳоло дар деҳаи Сомониён, маҳалли муноқишаи марзӣ қарор дорад, дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
Бино ба гуфтаи манбаъ, дар пайи бархӯрди хумпора ба болои хонааш Тӯйчиев ба шаҳодат расидааст.
Сухангӯи шаҳрдори Исфара вазъи марз бо Қирғизистонро муташанниҷ арзёбӣ кард.
Ба иттилои манобеъ, то ин лаҳзаҳо ҳанӯз муноқиша хатм нашуда, аз ду ҷониб садои тир баланд мешавад.
Теъдоди захмиён аз ҷониби Тоҷикистон ба 13 тан расидааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистонониён сар задааст.
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик кардаанд.
Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.