https://sputnik.tj/20220128/raisi-viloyati-peshi-sarbozonu-sokinoni-majruhi-isfara-raft-1045308670.html
Раиси Суғд ба аёдати сарбозону сокинони маҷруҳи Исфара рафт
Раиси Суғд ба аёдати сарбозону сокинони маҷруҳи Исфара рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара сарбозон ва сокинони маҷруҳро дар Беморхонаи марказии шаҳри мазкур хабар гирифт
2022-01-28T18:55+0500
2022-01-28T18:55+0500
2022-01-28T21:14+0500
дар тоҷикистон
суғд
исфара
раҷаббой аҳмадзода
маҷруҳ
сарбозон
хабаргирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039170654_0:0:1025:577_1920x0_80_0_0_fbf5c633327e5f7c1ca004ba375bf513.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз ҳолу аҳволи захмиёни даргирии охир дар марз бохабар гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.Манбаъ иттилоъ додааст, ки ба ҷароҳатбардоштагон аз президенти Тоҷикистон кӯмакҳои моливу пулӣ расонида шуд.Ҳамзамон зимни суҳбат бо масъулин таъкид шуд, ки табибони варзида ва мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят захмиёнро табобат мекунанд.Раиси вилояти Суғд ба сарбозону сокнинони маҷруҳ шифои комилу оҷил таманно кард. Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҳоло вазъ дар марз ором арзёбӣ мешавад.Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.Расман мақомоти Тоҷикистон субҳи 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар - аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
https://sputnik.tj/20220128/muzokiroti-tojikistonu-qirghiziston-bahshoi-marzi-idoma-1045305795.html
https://sputnik.tj/20220128/kucha-khona-maqomot-tojik-khisoroti-dargiri-1045311771.html
суғд
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1e/1039170654_0:0:911:683_1920x0_80_0_0_4a913b2ef038a1501a86eca4111797e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҷаббой аҳмадзода, бемористон, дидор, исфара, сарбозон
тоҷикистон, раҷаббой аҳмадзода, бемористон, дидор, исфара, сарбозон
Раиси Суғд ба аёдати сарбозону сокинони маҷруҳи Исфара рафт
18:55 28.01.2022 (Навсозишуда: 21:14 28.01.2022) Раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара сарбозон ва сокинони маҷруҳро дар беморхонаи марказии шаҳри мазкур хабар гирифт
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳамроҳ бо раиси шаҳри Исфара дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара аз ҳолу аҳволи захмиёни даргирии охир дар марз бохабар гардиданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии мақомоти вилояти Суғд.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ба ҷароҳатбардоштагон аз президенти Тоҷикистон кӯмакҳои моливу пулӣ расонида шуд.
Ҳамзамон зимни суҳбат бо масъулин таъкид шуд, ки табибони варзида ва мутахассисони соҳаи тандурустии вилоят захмиёнро табобат мекунанд.
“Раванди табобат зери назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор гирифта, дар асоси супориши президенти Тоҷикистон тамоми лавозимоти зарурӣ ва доруворӣ дастрас карда шудааст”, - қайд кардааст манбаъ.
Раиси вилояти Суғд ба сарбозону сокнинони маҷруҳ шифои комилу оҷил таманно кард. Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки ҳоло вазъ дар марз ором арзёбӣ мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон субҳи 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар - аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.