Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Дар як кӯча 11 хонаи хароб: мақомоти тоҷик хисороти даргирии марзиро ҳисоб доранд - акс

© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон хисороти расида бар асари даргирии ахир дар марз бо Қирғизистонро ҳисоб мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дар кӯчаи Ориёнои ҷамоати деҳоти Сурх 11 хона бар асари даргирии марзӣ хароб шудаанд иттилоъ дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Бар асоси санаде, ки мақомоти тоҷик таҳия кардаанд, 11 хона дар дар як кӯчаи деҳоти Сурх бар асари тиру хумпораҳо осеб дидаанд. Дар бархе ҳолатҳо ҳуҷраҳо пурра хароб шуда ё сӯхтаанд. Хумпораҳои натаркида низ аз ҳавлии сокинон ёфт шудааст.
Мақомот мегӯянд, феълан ҳисоби хисороти даргирӣ идома дорад. Дар ҳамин ҳол Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сокинони ноҳияи наздимарзӣ мулоқот карда, ба қурбониёни муноқишаи ахир изҳори ҳамдардӣ кардааст.
© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара   - Sputnik Тоҷикистон
1/7
Джамоат Сурх, город Исфара
© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара - Sputnik Тоҷикистон
2/7
Джамоат Сурх, город Исфара
© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон
3/7
Джамоат Сурх, город Исфара
© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон
4/7
Джамоат Сурх, город Исфара
© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара - Sputnik Тоҷикистон
5/7
Джамоат Сурх, город Исфара
© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон
6/7
Джамоат Сурх, город Исфара
© Sputnik Джамоат Сурх, город Исфара
Джамоат Сурх, город Исфара  - Sputnik Тоҷикистон
7/7
Джамоат Сурх, город Исфара
1/7
Джамоат Сурх, город Исфара
2/7
Джамоат Сурх, город Исфара
3/7
Джамоат Сурх, город Исфара
4/7
Джамоат Сурх, город Исфара
5/7
Джамоат Сурх, город Исфара
6/7
Джамоат Сурх, город Исфара
7/7
Джамоат Сурх, город Исфара
Раиси вилоят ҳамчунин ба сокиноне, ки манзилҳояшон дар ин даргирӣ хароб шудаанд, ваъда додааст, ки дар зудтарин фурсат манозилашон барқарор хоҳанд шуд.
Дар феҳрасти сокинони кӯчаи Ориёнои Сурх, ки хонаҳояшон хароб шудаанд, ин афрод зикр шудаанд:
Набиев Саидаҳмад;
Хуҷабобоев Абдулвосит;
Лутфуллоев Сайдуллобой;
Ҳомидов Ҳоҷимухтор;
Латипов Рустамбой;
Ҳусейнов Абдулхаллоқ;
Амаков Қобилбой;
Розиқов Муқимбой;
Исмоилов Аъзамҷон;
Ҳомидов Муродҷон;
Миралиев Комилҷон.
Маврид ба зикр аст, ки даргирии ахири мусаллаҳона миёни Тоҷикистону Қирғизистон 27 январ рух дод. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар ташаннуҷи вазъ ва оғози тирпаронӣ муттаҳам мекунанд.
Расман мақомоти Тоҷикистон то 28 январ теъдоди кушташудагони даргирии ахирро 2 нафари мулкӣ гуфта, афзуданд, ки 10 нафар - аз ҷумла 6 низомию 4 мулкӣ маҷруҳ гардидаанд. Бархе манобеи маҳаллӣ теъдоди маҷруҳон аз ҷониби Тоҷикистонро беш аз 20 нафар мегӯянд.
Раджаббой Ахмадзода, глава Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Раиси Суғд ба аёдати сарбозону сокинони маҷруҳи Исфара рафт
Ҷониби Қирғизистон шумори захмиёнашро 12 нафар гуфтааст, ки ҳамаашон низомӣ буда, талафоти ҷонӣ дар ин кишвар бар асари ин ҳаводис сабт нашудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки феълан ҳудуди 520 километри он муайян шудааст. Номуайянии қисматҳои боқимондаи марзӣ мунтазам боиси муноқиша дар сарҳад мешавад, ки баъзан ба хунрезӣ мепечад.
Лентаи хабарҳо
0