https://sputnik.tj/20220128/qirghiziston-tojikiston-otashbas-marz-1045279890.html
Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси комил дар марз ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси комил дар марз ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон беш аз ду соат идома кард 28.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-28T03:32+0500
2022-01-28T03:32+0500
2022-01-28T11:48+0500
дар тоҷикистон
оташбас
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/33/1028473341_0:0:3017:1697_1920x0_80_0_0_cbc2bd3886613f55340d165acaf08142.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Музокироти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки пас аз сар задани моҷаро дар марз баргузор шуд, ба поён расид. Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ҷонибҳо дар бораи оташбаси комил дар марз ба тавофуқ расиданд. Инчунин, ҳар ду ҷумҳурӣ бояд қувваю воситаҳои иловагиро, ки ба сарҳад оварданд, ба ҷойҳои доимияҳон баргардонанд.Тибқи шартҳои музокирот ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Бодканд-Исфара бояд боз шавад. Ҳамчунин, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди посбонии муштараки манотиқи марзӣ аз сӯи маъмурони интизомии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд. Як фавтида низ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст.То соати 2:00 ба вақти маҳаллӣ вазъ нисбатан ором арзёбӣ мешавад, задухӯрдҳои фаъол дар марз ба поён расидаанд, садои тирҳои гоҳ-гоҳ ба гӯш мерасад. Тарафхо гуфтушунид доранд.
https://sputnik.tj/20220128/tojikiston-qirghiziston-guftushunid-1045277702.html
https://sputnik.tj/20220128/siyosatshinos-masala-marz-tojikiston-qirghiziston-1045277882.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102847/33/1028473341_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a09432b9eb71b7d2813959cf4235e93f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон тоҷикистон оташбас
қирғизистон тоҷикистон оташбас
Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи оташбаси комил дар марз ба мувофиқа расиданд
03:32 28.01.2022 (Навсозишуда: 11:48 28.01.2022) Музокироти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон беш аз ду соат идома кард
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Музокироти миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки пас аз сар задани моҷаро дар марз баргузор шуд, ба поён расид.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ҷонибҳо дар бораи оташбаси комил дар марз ба тавофуқ расиданд.
Инчунин, ҳар ду ҷумҳурӣ бояд қувваю воситаҳои иловагиро, ки ба сарҳад оварданд, ба ҷойҳои доимияҳон баргардонанд.
Тибқи шартҳои музокирот ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Бодканд-Исфара бояд боз шавад.
Ҳамчунин, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди посбонии муштараки манотиқи марзӣ аз сӯи маъмурони интизомии ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 20 нафар аз ҳарду ҷониб ҷароҳат бардоштаанд. Як фавтида низ аз ҷониби Тоҷикистон ҳаст.
То соати 2:00 ба вақти маҳаллӣ вазъ нисбатан ором арзёбӣ мешавад, задухӯрдҳои фаъол дар марз ба поён расидаанд, садои тирҳои гоҳ-гоҳ ба гӯш мерасад. Тарафхо гуфтушунид доранд.