Тоҷикистону Қирғизистон сари мизи гуфтушунид нишастанд: тафсилот

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ҚирғизистонФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Обуна шудан
Барои ҳалли низоъ намояндагони ҳарду ҷониб ба сари мизи музокирот нишастаанд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон барои музокирот вохӯрдаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон.
Гуфта мешавад, дар ин музокирот аз ҷониби Тоҷикистон раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат кардааст.
Вай бо ҳамтои қирғизаш Абдикарим Алимбоев аз вилояти Бодканд дар минтақаи Как-Сай мулоқот кардааст. Гуфтушунид соати 1:43 дақиқа (бо вакти Киргизистон) cap шудааст.
Гуфта мешавад, ки ба ҳолати соати 2:00 шаб оташкушоӣ қатъ шудааст.
Аммо аз самти мавзеи Торт-кочо ва "Дарғот" ("Головной") гоҳ -гоҳ садои тир шунида мешавад.
Ситуация на передовой в ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
КДАМ: Қирғизистон ба сӯи сокинони осоиштаи Тоҷикистон тир холӣ мекунад
Ёдовар мешавем, рӯзи 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҳодисаи дигар рух дод, ки боиси даргирии низомиён шуд.
Тибқи иттилои расмии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, он тақрибан соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ оғоз шудааст.
Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Оқсойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд.
Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт.
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон баста шудани қисмате аз шоҳроҳи Бодканд-Исфанаро сабаби муноқиша донистааст.
АрМИ — 2020. Танковый биатлон. Индивидуальная гонка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2022
Изҳороти расмии КДАМ: Қирғизистон ба сарҳади Тоҷикистон техникаи вазнини ҳарбӣ меорад
Дар Бишкек иддао доранд, ки оташро ҷониби Тоҷикистон боз кардааст.
Душанбе низ дар навбати худ Қирғизистонро ба истифода аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта муттаҳам кард.
Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон кардааст.
Дабири кулли СПАД Станислав Зас дар бораи муноқишаизҳори назар кард.
Вай бо намояндагони ҳарду ҷониб сӯҳбати телефонӣ анҷом дода, хостааст, ҳарчӣ зудтар тирпарронӣ қатъ карда, низоъ тавассути музокирот ҳал кунанд.
Қобили зикр аст, ки дар пайи муноқиша дар марз ҳудуди 17 нафар аз ҷониби Тоҷикистон захм бардоштаву як тани дигар фавтидааст.
Лентаи хабарҳо
0