https://sputnik.tj/20220128/dukhtari-nazarboev-shuroi-siyosi-hizbi-hokim-1045302344.html
Духтари Назарбоев аз Шӯрои сиёсии ҳизби ҳоким хориҷ шуд
Духтари Назарбоев аз Шӯрои сиёсии ҳизби ҳоким хориҷ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳизби ҳокими Қазоқистон - Nur Otan аъзои нави Шӯрои сиёсияшро интихоб намуд
2022-01-28T16:55+0500
2022-01-28T16:55+0500
2022-01-31T13:34+0500
қазоқистон
нурсултон назарбоев
ҳизби ҳоким
дарига назарбоева
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102065/66/1020656610_0:202:2895:1830_1920x0_80_0_0_0948ed433694dc71cb0e454b96800031.jpg
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дариға Назарбоева, духтари калонии Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури аввали Қазоқистон аз феҳрасти аъзои Шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими кишвар хориҷ шудааст. Ба иттилои Sputnik Қазоқистон, мақомашонро дар Шӯрои сиёсии "Нур-Отан" инчунин сарвазирони пешини ин кишвар Аскар Мамин ва Бауиржон Бойбек низ аз даст додаанд. Таъкид шудааст, ки дар ин ниҳоди намояндагии "Нур-Отан" 55 дарсади аъзо нав шудаанд. Намояндагони шаҳрвандон афзоиш ёфта, мақомдорони давлатӣ ба андозаи сеяк коҳиш ёфтаанд. Намояндагони бахши маориф 10 дарсад, ҳиссаи расонаҳо ва созмони ғайриҳукуматӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи намояндагони ҷинси латиф то 33,7 фоиз боло рафтааст. Теъдоди ҷавонони то 35-сола 6 баробар зиёд гардида, ба 13 дарсад расидааст. Синни миёнаи аъзои Шӯрои сиёсӣ 4 сол поин рафта, ба ҳисоби миёна ба 47 сол баробар шудааст. Инчунин дар ҷаласаи ҳизби ҳоким президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҷои президенти қаблӣ, Нурсултон Назарбоев раиси ҳизби "Нур-Отан" интихоб гардид.Қаблан Назарбоев аз мақомҳои раиси Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои амнияти кишвар канор рафт. Назарбоев салоҳиятҳои раиси Шӯрои амниятро рӯзи 5-уми январи соли 2022, дар замони нооромиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ба Тоқаев вогузор намуда буд.
https://sputnik.tj/20220127/poyon-qarn-nazarboev-1045252510.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102065/66/1020656610_94:0:2802:2031_1920x0_80_0_0_bb61f5f2576124bf53351f8f543c831a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
духтар, назарбоев, дариға, ҳизби ҳоким, қазоқистон
духтар, назарбоев, дариға, ҳизби ҳоким, қазоқистон
Духтари Назарбоев аз Шӯрои сиёсии ҳизби ҳоким хориҷ шуд
16:55 28.01.2022 (Навсозишуда: 13:34 31.01.2022) Ҳизби ҳокими Қазоқистон - "Нур-Отан" аъзои нави Шӯрои сиёсияшро интихоб намуд
ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Дариға Назарбоева, духтари калонии Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури аввали Қазоқистон аз феҳрасти аъзои Шӯрои сиёсии ҳизби ҳокими кишвар хориҷ шудааст.
Ба иттилои Sputnik Қазоқистон, мақомашонро дар Шӯрои сиёсии "Нур-Отан" инчунин сарвазирони пешини ин кишвар Аскар Мамин ва Бауиржон Бойбек низ аз даст додаанд.
Таъкид шудааст, ки дар ин ниҳоди намояндагии "Нур-Отан" 55 дарсади аъзо нав шудаанд. Намояндагони шаҳрвандон афзоиш ёфта, мақомдорони давлатӣ ба андозаи сеяк коҳиш ёфтаанд.
Намояндагони бахши маориф 10 дарсад, ҳиссаи расонаҳо ва созмони ғайриҳукуматӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи намояндагони ҷинси латиф то 33,7 фоиз боло рафтааст. Теъдоди ҷавонони то 35-сола 6 баробар зиёд гардида, ба 13 дарсад расидааст. Синни миёнаи аъзои Шӯрои сиёсӣ 4 сол поин рафта, ба ҳисоби миёна ба 47 сол баробар шудааст.
Инчунин дар ҷаласаи ҳизби ҳоким президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҷои президенти қаблӣ, Нурсултон Назарбоев раиси ҳизби "Нур-Отан" интихоб гардид.
Қаблан Назарбоев аз мақомҳои раиси Ассамблеяи мардумии Қазоқистон ва Шӯрои амнияти кишвар канор рафт. Назарбоев салоҳиятҳои раиси Шӯрои амниятро рӯзи 5-уми январи соли 2022, дар замони нооромиҳои оммавӣ дар Қазоқистон ба Тоқаев вогузор намуда буд.