https://sputnik.tj/20220127/vaziri-difo-tolibho-hukumat-cholishho-jiddi-1045265177.html
Вазири дифои толибҳо: Ҳукумати феълӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯст
Вазири дифои толибҳо: Ҳукумати феълӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯст
Sputnik Тоҷикистон
Сарпарасти вазорати дифои толибон мегӯяд, ки ҳукумати ин гурӯҳ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва бояд барои ҳалли ин чолишҳо ҳама аз як гиребон сар бароранд
2022-01-27T19:35+0500
2022-01-27T19:35+0500
2022-01-27T20:36+0500
афғонистон
толибон
чолиш
мушкилот
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103130/83/1031308390_0:222:3073:1950_1920x0_80_0_0_084045fa16d138e7aa0c7ec3d23ce805.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Мулло Яъқуб Муҷоҳид, ки барои нахустин бор дар савумин нишасти ҷаҳонии ортопедии афғон - СОИН дар шифохонаи Сардор Муҳаммад Довудхон, дар ҳузури расонаҳо суханронӣ кард, гуфт, акнун бояд барои мардуме, ки чил соли ҷангро мутақабил шуда, замина фароҳам шавад.Вай аз тоҷирони афғонистонӣ даъват кард, ки ба бахши беҳдоштӣ сармоягузорӣ кунанд.Сарпарасти Вазорати дифои Толибон афзуд: "Тоҷирон бояд дар бахши беҳдоштӣ сармоягузорӣ кунанд, то афғонҳои дигар маҷбур нашаванд, барои табобат ба кишварҳои дигар сафар кунанд".Дар ин нишаст масъулони Вазорати беҳдошт низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома диҳанд.Қаландар Ибод, сарпарасти Вазорати сиҳҳати омма дар ин бора гуфт: “Дар бахши беҳдоштии Афғонистон ислоҳоти амиқ сурат хоҳад гирифт".Ҳамзамон толибон даъват карданд, ки ба ниёзҳои кормандони соҳаи тиб дар ин кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.Доктор Тоҳир Аҳрор, сардори Ситоди Вазорати дифои толибҳо аз вазири беҳдошт хоҳиш кард, ки ба пизишкони низомии толибон аз кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ маош диҳанд.Талабот ба сармоягузорӣ дар бахши беҳдошт афзоиш ёфтааст, зеро ниҳодҳои беҳдоштӣ борҳо ҳушдор дода буданд, ки низоми беҳдошти Афғонистон дар пайи тағйироти ахир дар хатари ҷиддӣ ва фурӯпошӣ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220127/raqs-tolibon-masjid-panjsher-video-1045236326.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103130/83/1031308390_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fc708376d75efa6170b51b94115fcd0e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, чолиш, толибон, ҳукумат
афғонистон, чолиш, толибон, ҳукумат
Вазири дифои толибҳо: Ҳукумати феълӣ бо чолишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯст
19:35 27.01.2022 (Навсозишуда: 20:36 27.01.2022) Сарпарасти Вазорати дифои толибон мегӯяд, ҳукумати ин гурӯҳ бо чолишҳои ҷиддӣ мувоҷеҳ аст ва бояд барои ҳалли ин чолишҳо ҳама аз як гиребон сар бароранд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Мулло Яъқуб Муҷоҳид, ки барои нахустин бор дар савумин нишасти ҷаҳонии ортопедии афғон - СОИН дар шифохонаи Сардор Муҳаммад Довудхон, дар ҳузури расонаҳо суханронӣ кард, гуфт, акнун бояд барои мардуме, ки чил соли ҷангро мутақабил шуда, замина фароҳам шавад.
“Ин як мушкили ҷиддӣ аз солҳои зиёде идома дорад, мушкилот аст, дарҳамубарҳамӣ аст, ҳама чиз хароб шудааст”, - гуфт ӯ.
Вай аз тоҷирони афғонистонӣ даъват кард, ки ба бахши беҳдоштӣ сармоягузорӣ кунанд.
Сарпарасти Вазорати дифои Толибон афзуд: "Тоҷирон бояд дар бахши беҳдоштӣ сармоягузорӣ кунанд, то афғонҳои дигар маҷбур нашаванд, барои табобат ба кишварҳои дигар сафар кунанд".
Дар ин нишаст масъулони Вазорати беҳдошт низ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро идома диҳанд.
Қаландар Ибод, сарпарасти Вазорати сиҳҳати омма дар ин бора гуфт: “Дар бахши беҳдоштии Афғонистон ислоҳоти амиқ сурат хоҳад гирифт".
Ҳамзамон толибон даъват карданд, ки ба ниёзҳои кормандони соҳаи тиб дар ин кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Доктор Тоҳир Аҳрор, сардори Ситоди Вазорати дифои толибҳо аз вазири беҳдошт хоҳиш кард, ки ба пизишкони низомии толибон аз кумакҳои молии созмонҳои байналмилалӣ маош диҳанд.
Талабот ба сармоягузорӣ дар бахши беҳдошт афзоиш ёфтааст, зеро ниҳодҳои беҳдоштӣ борҳо ҳушдор дода буданд, ки низоми беҳдошти Афғонистон дар пайи тағйироти ахир дар хатари ҷиддӣ ва фурӯпошӣ қарор дорад.