https://sputnik.tj/20220127/raqs-tolibon-masjid-panjsher-video-1045236326.html
Масҷид ё дискоклуб: рақси толибон дар ибодатгоҳи Панҷшер - видео
Масҷид ё дискоклуб: рақси толибон дар ибодатгоҳи Панҷшер - видео
Sputnik Тоҷикистон
Рақсе, ки толибон анҷом доданд, рақси "Аттан" ном дорад ва онро мардуми пашту иҷро мекунанд 27.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-27T15:30+0500
2022-01-27T15:30+0500
2022-01-27T19:11+0500
иҷтимоъ
афғонистон
толибон
панҷшер
рақс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040395800_0:46:1000:609_1920x0_80_0_0_59133961864896fe03e312de81d34a4a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Толибон дар яке аз масҷидҳои Панҷшер, ягона минтақаи Афғонистон, ки то ҳол ҳукумати муваққати онҳоро қабул накардааст, рақс намуданд.Рақси як гурӯҳи толибон дар масҷиди Панҷшерро "Telegram-канал"-и Sputnik Афғонистон нашр кардааст.Дар зери ин навор навишта шудааст, ки "Толибон дар масҷид чӣ кор мекунанд?".Манбаъ афзуда, ки ин кор дар Панҷшер сурат гирифтааст, аммо дақиқан маълум нест. Як гурӯҳ дар ин навор гирд шуда, давродавр мерақсанд. Манбаъ афзуд, ки рақси толибон ба рақси суфиёна монанд аст, вале толибон ҳеҷ рабте ба суфиҳо надоранд.Аммо ин рақси суфиёна набуда, балки рақси сирф мардуми пашту бо номи "Аттан" мебошад.Толибон тобистони соли гузашта бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд. Амалиёти онҳо пас аз хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ қавӣ шуд ва пас аз он ки назорати амнияти ин кишварро ба даст гирифтанд, Ашраф Ғанӣ тарки Кобул кард.Бо вуҷуди чанд моҳи сари қудрат будани толибон ҳеҷ давлат то ҳол ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст.Ашраф Ғанӣ президенти фирорӣ чанде қабл гирифтори сактаи мағзӣ шуд ва феълан таҳти назорати табибон қарор дорад.
https://sputnik.tj/20220124/tolibon-ismoilkhon-raftan-afghoniston-ishtiboh-1045087145.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/17/1040395800_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_fd23fbe2a1d701d27b8cd54d0be63f1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иҷтимоъ, афғонистон, толибон, панҷшер, рақс
иҷтимоъ, афғонистон, толибон, панҷшер, рақс
Масҷид ё дискоклуб: рақси толибон дар ибодатгоҳи Панҷшер - видео
15:30 27.01.2022 (Навсозишуда: 19:11 27.01.2022) Рақсе, ки толибон анҷом доданд, рақси "Аттан" ном дорад ва онро мардуми пашту иҷро мекунанд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Толибон дар яке аз масҷидҳои Панҷшер, ягона минтақаи Афғонистон, ки то ҳол ҳукумати муваққати онҳоро қабул накардааст, рақс намуданд.
Рақси як гурӯҳи толибон дар масҷиди Панҷшерро "Telegram-канал"-и Sputnik Афғонистон нашр кардааст.
Дар зери ин навор навишта шудааст, ки "Толибон дар масҷид чӣ кор мекунанд?".
Манбаъ афзуда, ки ин кор дар Панҷшер сурат гирифтааст, аммо дақиқан маълум нест.
Як гурӯҳ дар ин навор гирд шуда, давродавр мерақсанд. Манбаъ афзуд, ки рақси толибон ба рақси суфиёна монанд аст, вале толибон ҳеҷ рабте ба суфиҳо надоранд.
Аммо ин рақси суфиёна набуда, балки рақси сирф мардуми пашту бо номи "Аттан" мебошад.
Толибон тобистони соли гузашта бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд. Амалиёти онҳо пас аз хориҷ шудани нерӯҳои амрикоӣ қавӣ шуд ва пас аз он ки назорати амнияти ин кишварро ба даст гирифтанд, Ашраф Ғанӣ тарки Кобул кард.
Бо вуҷуди чанд моҳи сари қудрат будани толибон ҳеҷ давлат то ҳол ҳукумати онҳоро ба расмият нашнохтааст.
Ашраф Ғанӣ президенти фирорӣ чанде қабл гирифтори сактаи мағзӣ шуд ва феълан таҳти назорати табибон қарор дорад.