https://sputnik.tj/20220127/toqaev-afghonistonro-tanho-1045258556.html
Тоқаев аз кишварҳои ОМ ва Ҳиндустон даъват кард, ки Афғонистонро танҳо нагузоранд
Тоқаев аз кишварҳои ОМ ва Ҳиндустон даъват кард, ки Афғонистонро танҳо нагузоранд
Sputnik Тоҷикистон
Қозоқистон кумаки амалӣ ба Афғонистон, аз ҷумла равон кардани кумаки гуманитариро идома медиҳад, гуфт Тоқаев
2022-01-27T17:32+0500
2022-01-27T17:32+0500
2022-01-27T20:18+0500
афғонистон
қазоқистон
сиёсат
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343815_0:0:3225:1814_1920x0_80_0_0_747bfa9301bb797107f16ce5ea0eda6e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд муроҷиат кард, ки Афғонистонро бо мушкилоташ танҳо нагузоранд. Тоқаев дар нахустин нишасти онлайнии Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон қайд кард, ки Қазоқистон ҳамкориҳои амалии худро бо Афғонистон идома дода, ба он ҷо ба таври даврӣ дар маводи ғизоӣ, молҳои зарурӣ ва доруворӣ мефиристад, менависад Sputnik Қазоқистон.Тоқаев изҳори бовар кардааст, ки Афғонистони амну субот барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиё уфуқҳои нав мекушояд. Қаблан раисҷумҳури Қазоқистон мизони нокифояи нишондодҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндро дар ҳоли доштани зарфияти куллии иқтисодӣ эълом карда буд. Мубодилоти мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар соли 2020 ба се миллиард доллар расида, ҳиссаи Қазоқистон дар ин тиҷорат 80 дарсадро ташкил додааст.Ҳушдори Созмони Байналмилалии Кор аз афзоиши бекорӣ дар Афғонистон гуфтСарони кишварҳо дар нахустин нишасти маҷозии Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон дурнамои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи кишварҳоро баррасӣ карданд. Дар ин ҳамоиш руасои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва нахуствазири Ҳинд ширкат карданд.
https://sputnik.tj/20220125/muloqot-prezident-rahmon-savdo-sarmoya-amniyat-afghoniston-1045135160.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/09/1043343815_483:0:3214:2048_1920x0_80_0_0_3a110b306b04bfa94602305d00030604.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев, афғонистон, қазоқистон
тоқаев, афғонистон, қазоқистон
Тоқаев аз кишварҳои ОМ ва Ҳиндустон даъват кард, ки Афғонистонро танҳо нагузоранд
17:32 27.01.2022 (Навсозишуда: 20:18 27.01.2022) Қозоқистон кумаки амалӣ ба Афғонистон, аз ҷумла ёрии башардӯстона ба ин кишварро идома медиҳад, гуфт раисҷумҳури Қазоқистон
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд муроҷиат кард, ки Афғонистонро бо мушкилоташ танҳо нагузоранд.
Тоқаев дар нахустин нишасти онлайнии Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон қайд кард, ки Қазоқистон ҳамкориҳои амалии худро бо Афғонистон идома дода, ба он ҷо ба таври даврӣ дар маводи ғизоӣ, молҳои зарурӣ ва доруворӣ мефиристад, менависад Sputnik Қазоқистон.
"Бо вуҷуди ақидаҳои сиёсӣ ва эътиқоди шахсии худ, мо набояд Афғонистон ва мардуми онро бо мушкилоти бесобиқа ва таҳдиди буҳрони башарӣ танҳо гузорем", - гуфт раисҷумҳури Қазоқистон.
Тоқаев изҳори бовар кардааст, ки Афғонистони амну субот барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиё уфуқҳои нав мекушояд.
Қаблан раисҷумҳури Қазоқистон мизони нокифояи нишондодҳои тиҷоратии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндро дар ҳоли доштани зарфияти куллии иқтисодӣ эълом карда буд.
Мубодилоти мол миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар соли 2020 ба се миллиард доллар расида, ҳиссаи Қазоқистон дар ин тиҷорат 80 дарсадро ташкил додааст.
Сарони кишварҳо дар нахустин нишасти маҷозии Осиёи Марказӣ – Ҳиндустон дурнамои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталифи кишварҳоро баррасӣ карданд.
Дар ин ҳамоиш руасои ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон ва нахуствазири Ҳинд ширкат карданд.