https://sputnik.tj/20220125/muloqot-prezident-rahmon-savdo-sarmoya-amniyat-afghoniston-1045135160.html
Мулоқоти президентҳо: Раҳмон аз савдо, сармоя, амният ва Афғонистон гуфт
Мулоқоти президентҳо: Раҳмон аз савдо, сармоя, амният ва Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин аз амнияту тиҷорат ва масоили Афғонистон гуфт
2022-01-25T18:15+0500
2022-01-25T18:15+0500
2022-01-25T19:45+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
баррасӣ
осиёи марказӣ
мулоқот
муносибот
фазои маҷозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043820425_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_19a93b50affa778d1c8e93bcfe35a62f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон самари се даҳсолаи ҳамкорӣ бо Чинро баланд арзёбӣ карда, зикр намудааст, ки робитаҳои ду кишвар то сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Ӯ ин нуктаро зимни нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Чин, ки бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ баргузор шуд, таъкид намуд. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, Раҳмон дар ин ҳамоиш роҳандозии муколамаи доимии сиёсӣ дар рӯҳияи эътимод, нишондиҳандаҳои баланди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохториро аз дастовардҳои дигар хондааст. Раҳмон ҳамчунин густариши муносиботро дар қолаби Осиёи Марказӣ - Чин, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ, ҷалби фаъоли сармоя барои татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақаиро ба манфиати ҷонибҳо гуфтааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак таъкид кардаст. "Дар ин зимн муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа номбар шуданд", - омадааст дар иттилоия. Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба манфиатдор будани Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон бори дигар таъкид карда, аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид барои расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми кишвар ҷонибдорӣ намудааст. Дар охир сарони давлатҳо изҳороти муштаракро тасдиқ карда, ба вазирони корҳои хориҷӣ барои татбиқи минбаъдаи пешниҳоду ташаббусҳои дар чаҳорчӯби саммит баррасишуда супоришҳо додаанд.
https://sputnik.tj/20220123/davat-jinpin-emomali-rahmon-bozdid-chin-1045071690.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043820425_236:0:2967:2048_1920x0_80_0_0_281674f59efb81f24b99fe287befdce5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, сармоя, савдо, амният, афғонистон
раҳмон, сармоя, савдо, амният, афғонистон
Мулоқоти президентҳо: Раҳмон аз савдо, сармоя, амният ва Афғонистон гуфт
18:15 25.01.2022 (Навсозишуда: 19:45 25.01.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин аз амнияту тиҷорату масоили Афғонистон гуфт
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон самари се даҳсолаи ҳамкорӣ бо Чинро баланд арзёбӣ карда, зикр намудааст, ки робитаҳои ду кишвар то сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд.
Ӯ ин нуктаро зимни нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Чин, ки бахшида ба 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ баргузор шуд, таъкид намуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон, Раҳмон дар ин ҳамоиш роҳандозии муколамаи доимии сиёсӣ дар рӯҳияи эътимод, нишондиҳандаҳои баланди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, татбиқи тарҳҳои бузурги инфрасохториро аз дастовардҳои дигар хондааст.
Раҳмон ҳамчунин густариши муносиботро дар қолаби Осиёи Марказӣ - Чин, аз ҷумла андешидани тадбирҳо барои тавсеаи савдои байниҳамдигарӣ, ҷалби фаъоли сармоя барои татбиқи тарҳҳои судманди иқтисодии минтақаиро ба манфиати ҷонибҳо гуфтааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи амниятӣ бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, ҳамзамон мавҷудияти таҳдиду хатарҳои муштарак таъкид кардаст.
"Дар ин зимн муқовимат дар баробари терроризм, тундгароӣ ва ҷудоихоҳӣ ва ҳамзамон ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа номбар шуданд", - омадааст дар иттилоия.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба манфиатдор будани Тоҷикистон дар истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон бори дигар таъкид карда, аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид барои расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми кишвар ҷонибдорӣ намудааст.
Дар охир сарони давлатҳо изҳороти муштаракро тасдиқ карда, ба вазирони корҳои хориҷӣ барои татбиқи минбаъдаи пешниҳоду ташаббусҳои дар чаҳорчӯби саммит баррасишуда супоришҳо додаанд.