https://sputnik.tj/20220127/shirkati-auditorii-krou-khorvat-eysiji-ijozati-bonki-milliro-girift-1045212295.html
Панҷ сол муҳлат: ширкати аудитории “КРОУ ХОРВАТ - ЭЙСИҶИ” иҷозати Бонки миллиро гирифт
Панҷ сол муҳлат: ширкати аудитории “КРОУ ХОРВАТ - ЭЙСИҶИ” иҷозати Бонки миллиро гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “КРОУ ХОРВАТ - ЭЙСИҶИ” барои фаъолияти аудиторӣ дар қаламрави Тоҷикистон барои панҷ соли оянда иҷозатномаи фаъолият дод
2022-01-27T13:00+0500
2022-01-27T13:00+0500
2022-01-27T17:43+0500
дар тоҷикистон
фаъолият
бонки миллӣ
иҷозатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Қарори мазкур аз Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 26 январи соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ҶДММ “КРОУ ХОРВАТ-ЭЙСИҶИ” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - хабар додааст БМТ.Дар ҳамин ҳол раёсати Бонки миллӣ Департаменти назорати бонкиро уҳдадор кардааст, ки дар феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намояд.Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир дар бозори Тоҷикистон нуҳ ширкати аудиторӣ фаъолият дорад.Дар бозори Тоҷикистон ширкатҳои "Консултант аудит", "ЭКОВИС", "Бейкер Тилли Тоҷикистон", "Эрнст энд Янг Форд Родс Сидат Хайдер" (Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder), РСМ "Тоҷикистон", "КРЕСТОН" АС, КПМГ "Аудит", "Моор Стивенс" ва "Аудит Консалтинг" фаъолият мекунанд.Акнун бо қарори раёсати БМТ шумори ширкатҳои аудиторӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба 10 адад расид.
https://sputnik.tj/20211213/ijozatnomai-bonki-milli-mehmonsaroyi-tojikiston-1044127285.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, фаъолият, ширкати аудиторӣ
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, фаъолият, ширкати аудиторӣ
Панҷ сол муҳлат: ширкати аудитории “КРОУ ХОРВАТ - ЭЙСИҶИ” иҷозати Бонки миллиро гирифт
13:00 27.01.2022 (Навсозишуда: 17:43 27.01.2022) Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати “КРОУ ХОРВАТ-ЭЙСИҶИ” барои фаъолияти панҷсолаи аудиторӣ дар қаламрави Тоҷикистон иҷозат дод
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Қарори мазкур аз Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон 26 январи соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон.
“Дар асоси Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ба ҶДММ “КРОУ ХОРВАТ-ЭЙСИҶИ” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд”, - хабар додааст БМТ.
Дар ҳамин ҳол раёсати Бонки миллӣ Департаменти назорати бонкиро уҳдадор кардааст, ки дар феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдор ворид намояд.
Бояд гуфт, дар ҳоли ҳозир дар бозори Тоҷикистон нуҳ ширкати аудиторӣ фаъолият дорад.
Дар бозори Тоҷикистон ширкатҳои "Консултант аудит", "ЭКОВИС", "Бейкер Тилли Тоҷикистон", "Эрнст энд Янг Форд Родс Сидат Хайдер" (Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder), РСМ "Тоҷикистон", "КРЕСТОН" АС, КПМГ "Аудит", "Моор Стивенс" ва "Аудит Консалтинг" фаъолият мекунанд.
Акнун бо қарори раёсати БМТ шумори ширкатҳои аудиторӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба 10 адад расид.