https://sputnik.tj/20220124/tolibon-ismoilkhon-raftan-afghoniston-ishtiboh-1045087145.html
Толибон: Исмоилхон бо рафтан аз Афғонистон муртакиби иштибоҳи бузурге шуд
Толибон: Исмоилхон бо рафтан аз Афғонистон муртакиби иштибоҳи бузурге шуд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сухангӯи толибон мегӯяд, ки бо Амир Исмоилхон беш аз ҳад интизори рафтори нек сурат гирифт, аммо ӯ бо хуруҷ аз Афғонистон муртакиб иштибоҳи бузург шудааст
2022-01-24T14:15+0500
2022-01-24T14:15+0500
2022-01-24T19:01+0500
ҳирот
афғонистон
толибон
иштибоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_0:5:960:545_1920x0_80_0_0_37e0255ae941394ea699e898d6f09265.jpg
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Аҳмадуллоҳ Восиқ, муовини сухангӯи толибон бо нашри видеои аввалин дидораш бо Исмоилхон баъд аз тассаруфи Ҳирот ба дасти толибон дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст: “Амри Исмоилхон бо хуруҷ аз Афғонистон иштибоҳи бузург кард”.Вай гуфт, новобста аз мавзеъгириҳои Исмоилхон дар баробари толибон раҳбари иморати исломӣ боз ҳам нияти суъ ба ӯро надошт.Оқои Восиқ навиштааст, "толибон ин иқдомро ба хотири таъмини бақои низоми исломӣ дар Афғонистон ва таъмини сулҳи миллӣ дар ин кишвар анҷом доданд."Бояд гуфт, бо суқути вилояти Ҳирот ба дасти толибон Амир Исмоилхон ба асорати ин гурӯҳ афтод ва пас аз муддате ба Эрон рафт, ки то ҳол дар он кишвар ба сар мебарад.Амир Исмоилхон ҳоло узви муқовимати миллӣ аст ва ҳафтаи гузашта бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷӣ дар Теҳрон гуфтугӯ кардааст.
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_59:0:912:640_1920x0_80_0_0_5e94a579cd1b8e61782789b3b8239c96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, исмоилхон, иштибоҳ
афғонистон, толибон, исмоилхон, иштибоҳ
Толибон: Исмоилхон бо рафтан аз Афғонистон муртакиби иштибоҳи бузурге шуд
14:15 24.01.2022 (Навсозишуда: 19:01 24.01.2022) Муовини сухангӯи толибон мегӯяд, бо фармондеҳи муҷоҳидини собиқ беш аз ҳадди интизор рафтори нек сурат гирифт, аммо ӯ бо хуруҷ аз Афғонистон муртакиби иштибоҳи бузурге шудааст
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Аҳмадуллоҳ Восиқ, муовини сухангӯи толибон бо нашри видеои аввалин дидораш бо Исмоилхон баъд аз тассаруфи Ҳирот ба дасти толибон дар сафҳаи "Твиттер"-и худ навиштааст: “Амри Исмоилхон бо хуруҷ аз Афғонистон иштибоҳи бузург кард”.
Вай гуфт, новобста аз мавзеъгириҳои Исмоилхон дар баробари толибон раҳбари иморати исломӣ боз ҳам нияти суъ ба ӯро надошт.
Оқои Восиқ навиштааст, "толибон ин иқдомро ба хотири таъмини бақои низоми исломӣ дар Афғонистон ва таъмини сулҳи миллӣ дар ин кишвар анҷом доданд."
Бояд гуфт, бо суқути вилояти Ҳирот ба дасти толибон Амир Исмоилхон ба асорати ин гурӯҳ афтод ва пас аз муддате ба Эрон рафт, ки то ҳол дар он кишвар ба сар мебарад.
Амир Исмоилхон ҳоло узви муқовимати миллӣ аст ва ҳафтаи гузашта бо Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷӣ дар Теҳрон гуфтугӯ кардааст.