https://sputnik.tj/20220127/prezident-tojikison-kumak-afghoniston-1045263788.html
Президенти Тоҷикистон аз зарурати кумак ба Афғонистон гуфт
Президенти Тоҷикистон аз зарурати кумак ба Афғонистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Тоҷикистон кумак ба мардуми Афғонистонро зарур мешуморад
2022-01-27T19:15+0500
2022-01-27T19:15+0500
2022-01-27T20:30+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262453_397:434:2048:1363_1920x0_80_0_0_4f6459b206609bf9dbbe225199080760.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон аз вазъи печидаи Афғонистон гуфт.Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар аввалини нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон диққати ҳозиринро ба вазъи мушкили Афғонистон ҷалб кардааст.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар соҳаи амният бо ба инобати шароити мураккаби байналмилалӣ муқовимат ба терроризм ва ҳамаи шаклҳои тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шудааст.Бояд гуфт, кишвардори Қазоқистон Тоқаев Қосим-Ҷомарт низ дар ин нишаст аз аҳамияти кумак ба Афғонистон гуфта буд."Бо вуҷуди ақидаҳои сиёсӣ ва эътиқоди шахсии худ, мо набояд Афғонистон ва мардуми онро бо мушкилоти бесобиқа ва таҳдиди буҳрони башарӣ танҳо гузорем", - гуфта буд раисҷумҳури Қазоқистон.Тоқаев изҳори бовар кард, ки Афғонистони амну субот барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиё роҳҳои нав мекушояд.
https://sputnik.tj/20220127/toqaev-afghonistonro-tanho-1045258556.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045262453_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_20bfa4945d0632a8a8e723bea7ec8e04.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъи печидаи афғонистон, зарурат, кумак
вазъи печидаи афғонистон, зарурат, кумак
Президенти Тоҷикистон аз зарурати кумак ба Афғонистон гуфт
19:15 27.01.2022 (Навсозишуда: 20:30 27.01.2022) Кишвардори Тоҷикистон кумак ба мардуми Афғонистонро зарур мешуморад
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон аз вазъи печидаи Афғонистон гуфт.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар аввалини нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ - Ҳиндустон диққати ҳозиринро ба вазъи мушкили Афғонистон ҷалб кардааст.
"Таваҷҷуҳи иштирокдорони нишаст ба вазъи печидаи Афғонистон ва ҷонибдорӣ аз даъвати Созмони Милали Муттаҳид ба зарурати расонидани кумакҳои башарӣ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон ҷалб карда шуд", - омадааст дар хабар.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар соҳаи амният бо ба инобати шароити мураккаби байналмилалӣ муқовимат ба терроризм ва ҳамаи шаклҳои тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз вазифаҳои аввалиндараҷа дониста шудааст.
Бояд гуфт, кишвардори Қазоқистон Тоқаев Қосим-Ҷомарт низ дар ин нишаст аз аҳамияти кумак ба Афғонистон гуфта буд.
"Бо вуҷуди ақидаҳои сиёсӣ ва эътиқоди шахсии худ, мо набояд Афғонистон ва мардуми онро бо мушкилоти бесобиқа ва таҳдиди буҳрони башарӣ танҳо гузорем", - гуфта буд раисҷумҳури Қазоқистон.
Тоқаев изҳори бовар кард, ки Афғонистони амну субот барои густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди устувори кишварҳои Осиё роҳҳои нав мекушояд.