Меъмори хорватӣ сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон шуд

Петр Сегрт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.01.2022
Обуна шудан
Таъйини мутахассиси нав ба ин вазифаро дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи федератсия эълон карданд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Федератсияи футболи Тоҷикистон номи сармураббии нави тими миллии ҷумҳуриро эълон кард.
Тими миллиро мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрти раҳбарӣ мекунад.
Мураббии нав иҷозатномаи УЕФА Pro дар ҷиҳати фаъолият ба унвони мураббиро дорад ва бозигаронро барои мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода мекунад.
Оғози Ҷоми ҷаҳонии футбол 8 июни соли 2022 ба нақша гирифта шудааст ва ваъда медиҳанд, ки дар шакли мутамаркиз баргузор мешавад.
Петр Сегрт 8-уми майи соли 1966 дар Хорватия ба дунё омадааст, вале ҳанӯз замони наврасии ӯ хонаводаашон ба Олмон кӯчид.
Футбольная лига Таджикистана. Худжанд - Регар-ТадАЗ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
"Хуҷанд" барои дурахш дар Ҷоми КФО-2022 ҳайаташро бозсозӣ мекунад
Ҳамчун футболбоз Сегрт тавонист дар як қатор бошгоҳҳои ҳаваскорони Олмон бозӣ ва дар он ҷо ҳам фаъолияти мураббигии худро оғоз кунад.
Соли 1996 мутахассиси ҷавонро Клаус Топмёллер, ки қаблан бо ӯ дар "Валдхоф" кор мекард, ба "Бохум" даъват кард.
Сипас Сегрт узви ситоди мураббиёни дастаҳои "Дуйсбург" ва "Валдхоф" шуд ва мустақилона бошгоҳҳои "Леобен", "Рид" ва "Винер Шпорт-Клуб"- и Австрияро низ тамрин додааст.
Аз сабаби қобилияти ба осонӣ пайдо кардани забони умумӣ бо бозигарони ҷавон ӯ мулаққаб ба Меъмор шуда.
Дар соли 2006 бо даъвати Топмёллер Сегрт ба Гурҷистон кӯчид ва дастаи ҷавонони маҳаллиро роҳбарӣ кард.
Баъди истеъфои сармураббии тими асосии миллӣ мутахассиси хорватӣ дар ду бозӣ ба ҳайси сармураббӣ баромад.
Бозиҳои бонувони футболбоз миёни Тоҷикистон ва Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Чаро духтарони тоҷик дар футболу футзал пайваста шикаст мехӯранд?
Сегрт пас аз тарки Гурҷистон ба Индонезия кӯчид ва дар он ҷо бо тимҳои маҳаллии "Бали Девата" ва ПСМ "Макассар" кор кард.
Мутахассиси хорватӣ ҳамчунин тими миллии Афғонистонро дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 раҳбарӣ мекард.
Соли 2018 ӯ тими Молдивро роҳбарӣ кард, ки он ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ-2018 гардид.
Лентаи хабарҳо
0