https://sputnik.tj/20220127/yovari-raisi-ifara-zakhmi-shud-1045272321.html
Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд
Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Як корманди ҳукумати шаҳри Исфара низ дар пайи муноқишаи марзӣ тир хӯрдааст
2022-01-27T22:55+0500
2022-01-27T22:55+0500
2022-02-07T19:51+0500
исфара
дар тоҷикистон
қирғизистон
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103027/66/1030276677_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_2478b7586c47eb8c2238e2e7847ad563.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Некзод Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумати шаҳри Исфара аз тири марзбонони қирғиз захм бардоштааст.Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи марказии ин шаҳр, Хоҷаев аз ноҳияи пояш захмӣ шудааст.Гуфта мешавад, номбурда шом ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумат ба ҷоҳи ҳодиса, ки муноқиша миёни сокинон идома дошт, рафта буд.Ба иттилои манобеъ, теъдоди захмиён ба 13 тан расидааст, ки 11 нафари онҳо низомиянд. Табибон танҳо дараҷаи захми як нафари онҳо вазнин арзёбӣ кардаанд.Манбаъ мегӯяд, низомиёни Қирғизистон дар кӯҳҳо ҷо ба ҷо шудаанд ва аз чор тараф аз силоҳҳои вазнин истифода мекунанд.Ӯ гуфт, задухӯрд дар маҳаллаҳои Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониён сурат гирифт.Ёдовар мешавем, ки шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистонониён сар задааст.Дар марзи Тоҷикистон чӣ мегузарад: гузориш аз ҷойи ҳодисаНамояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик кардаанд.Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.
https://sputnik.tj/20220127/maqomot-dargiri-marz-qirghiziston-1045270584.html
исфара
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103027/66/1030276677_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_40fe1c862f2d257dfca6641af63835b3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исфара марз тоҷикистон қирғизистон
исфара марз тоҷикистон қирғизистон
Корманди ҳукумати шаҳри Исфара захмӣ шуд
22:55 27.01.2022 (Навсозишуда: 19:51 07.02.2022) Як корманди ҳукумати шаҳри Исфара низ дар пайи муноқишаи марзӣ тир хӯрдааст
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Некзод Хоҷаев, ҳуқуқшиноси ҳукумати шаҳри Исфара аз тири марзбонони қирғиз захм бардоштааст.
Бино ба иттилои манобеи Sputnik Тоҷикистон аз беморхонаи марказии ин шаҳр, Хоҷаев аз ноҳияи пояш захмӣ шудааст.
Гуфта мешавад, номбурда шом ҳамроҳ бо ҳайати ҳукумат ба ҷоҳи ҳодиса, ки муноқиша миёни сокинон идома дошт, рафта буд.
Ба иттилои манобеъ, теъдоди захмиён ба 13 тан расидааст, ки 11 нафари онҳо низомиянд. Табибон танҳо дараҷаи захми як нафари онҳо вазнин арзёбӣ кардаанд.
Манбаъ мегӯяд, низомиёни Қирғизистон дар кӯҳҳо ҷо ба ҷо шудаанд ва аз чор тараф аз силоҳҳои вазнин истифода мекунанд.
Ӯ гуфт, задухӯрд дар маҳаллаҳои Лангар, Хоҷаи Аъло ва Сомониён сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки шоми 27-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз даргирӣ рух дод.
Бино ба маълумоти пешакӣ, ошӯб ба далели сангборон шудани мошини шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби қирғизистонониён сар задааст.
Намояндагони мақомоти ҳар ду кишвар ба ҷои ҳодиса рафтанд. Пас аз задухӯрд ва сангпартоӣ ба сӯйи ҳамдигар, ки дар ҷараёни он чанд нафар захмӣ шуданд, мақомоти интизомӣ барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир шиллик кардаанд.
Ҳамин тавр, муноқиша миёни сокинон ба тирпарронӣ миёни марзбонон мунҷар шуд.
Ҷониби Қирғизистон сокинони манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ба ҷои амн интиқол медиҳад.