Қасосгирии Аврупо аз Амрико барои "зарба аз пушт"

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкФлаги Евросоюза, архивное фото
Флаги Евросоюза, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.11.2021
Обуна шудан
Як артиш, як ситод ва як душман. Иттиҳоди Аврупо дар бораи нақшаи "Компаси стратегӣ" баҳс мекунад
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik, Антон Скрипунов. Гап дар он аст, ки мамлакатҳои Аврупо паймони ҳарбии худро ташкил карда, бо ҳамин вобастагии худро аз НАТО ва ИМА кам мекунанд. Бо вуҷуди ин бо сабабҳои гуногун бисёриҳо мухолифанд.

"Ҷанги махлут"

"Барои он ки Аврупо бузург ва ҳақиқатан мустақил мегардад", — такрор мекунанд дар Брюссел. Ва онҳо итминон доранд, ки "қутбнамои стратегӣ" - стратегияи нави мудофиа то соли 2030 кӯмак хоҳад кард.
Онро барои ИА-и бюрократӣ хеле зуд таҳия карданд. Дар охири соли 2020 Олмон пешниҳод кард, ки барои муҳофизат аз таҳдидҳои гуногун "як маҷмуи чораҳо" таҳия карда шавад. Пас аз шаш моҳ лоиҳа ба ҳукуматҳои миллӣ нишон дода шуд.
Ҷатта Урпилайнен, Комиссари ҳамкориҳои байнулмилалии Иттиҳоди Аврупо  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2021
“Кумак мекунем, аммо ба расмият намешиносем”: Иттиҳоди Аврупо ба толибон
То моҳи марти соли 2022 онҳо мехоҳанд консепсияро тасдиқ кунанд. Роҳбарони асосии иттиҳодия ҳамкасбони худро мисли пештара хитоб мекунанд.
"Таҳлили таҳдидҳо рӯшан нишон медиҳад, ки Аврупо дар хатар аст. <...> Аввалан, имкониятҳои иқтисодии мо торафт маҳдуд мешаванд. Сӣ сол пеш Иттиҳодияи Аврупо чоряки сарвати ҷаҳонро дар ихтиёр дошт, пас аз бист сол ҳамагӣ даҳ дарсад хоҳад буд. Илова бар ин аҳолӣ босуръат коҳиш меёбад: то охири аср, Аврупо ҳамагӣ панҷ фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил хоҳад дод”, - мегӯяд Ҷозеп Боррел, комиссари сиёсати хориҷӣ ва амнияти ИА.
Воқеаҳои Афгонистон нишон дод, ки "шарикони амрикоӣ" ҳатто аз худ дифоъ карда наметавонанд. Бинобар ин аврупоиҳо бояд худашон фалокати дар пешистодаро пешгирӣ намоянд.
Дар ин санад шахсияти "савораи қиёмат" - Русия, ки ба гуфтаи муаллифон, "аз тактикаи ҷанги махлут, дезинформатсия ва ҳамлаҳои сайберӣ истифода мекунад", муайян шудааст. Онҳо инчунин аз Чин ёдовар шуданд - "рақиби иқтисодӣ ва рақиби системаӣ".
Аз ин рӯ Иттиҳодияи Аврупо ба стратегияи умумӣ, буҷаи мудофиаи умумӣ ва нерӯҳо ниёз дорад. То соли 2025 Брюссел нақша дорад, ки "як нерӯи универсалии вокуниши сареъ" иборат аз панҷ ҳазор ҷангҷӯро таъсис диҳад.
"Кӯшишҳои қаблӣ барои истиқрори нерӯҳои Иттиҳодияи Аврупо бо муваффақияти маҳдуде рӯ ба рӯ шуданд. Стратегияи нав нерӯҳои вокунишии моро ва муассиртар хоҳад кард", - гуфт Боррел.
Ва ӯ мисол меорад: агар ин санад қабул мегашт, буҳрони муҳоҷирон дар марзи Лаҳистону Беларус зуд ҳал мешуд.
Аммо чӣ тавр ӯ мушаххас намекунад. Инчунин маълум нест, ки кӣ фармондеҳ хоҳад буд, ҳайатро бо чӣ муҷаҳҳаз ва чӣ гуна амалиётро ҳамоҳанг мекунанд. Суолҳо зиёданд. Комиссари Аврупо кӯтоҳ посух медиҳад: "Ман ба зиддиятҳо аҳамият намедиҳам".

Юғро дур афканед

Ин идеяро на танҳо Брюссел пеш мебарад. Берлин ва Порис ба системаи нав манфиатдор мебошанд. Онҳо дар бораи "мубориза ба истиқлол" аз қувваҳои берунӣ рӯирост гап мезананд.
Онҳо пеш аз ҳама НАТО-ро дар назар доранд. Маҳз қувваҳои иттифоқӣ, ки мувофиқи созишнома асоси мудофиаи қитъа мебошанд, албатта, бо рохбарии Иёлоти Муттаҳида.
Запрещенный доступ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2018
Нигаронии Амрико ва Аврупо аз баста шудани сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Амрикоиҳо аз замони анҷоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ дар Аврупо сабти ном шудаанд. Шумораи ин гурӯх пай дар пай афзуда, дар соли 1980 ба 300 ҳазор нафар расид. Ҳоло тақрибан 60 ҳазоранд.
Контингенти асосӣ — 34.000 нафар дар Германия буда, дар он ҷо пойгоҳи америкоии “Рамштайн”, ки калонтарин пойгоҳ дар берун аз ИМА мебошад, воқеъ аст. Солҳои охир сиёсатмадорони олмонӣ дар бораи меҳмонони бурунмарзӣ дӯстона ҳарф намезананд: аксаран онҳо бо пули Берлин нигоҳ дошта мешаванд. Гузашта аз ин аз Пентагон силоҳ харидан лозим аст, ки ин ҳам ба ҳама мақбул нест. Ҳамин тавр ҳоло Бундестаг байни F-35 ва “Eurofighter”-и "дохилӣ" интихоб мекунад.
Илова бар ин олмониҳо мехоҳанд ҷангандаҳои насли шашумро таҳия кунанд, якҷоя бо фаронсавиҳо. Эммануэл Макрон пайваста дар бораи истиқлоли низомии ИА суҳбат мекунад. Порис Вашингтонро рақиб дар Африқо, Ховари Миёна ва ҳамчунин дар бозори аслиҳа медонад. Дар баробари ин дар давоми панҷ сол Порис содироти низомии худро ба 72 дарсад зиёд кард.
Агар Австралия ногаҳон аз киштихои зериобии Фаронса даст кашид, боз ҳам зиёдтар аз ин метавонист даст кашад. Канберра дар доираи лоиҳаи AUKUS иттифоқи низомиро бо Иёлоти Муттаҳида ва Британияи Кабир интихоб кард. Танаффуси минбаъдаи шартномаи 56-миллиардевроӣ дар Қасри Елисей "харҷар аз пушт" номида шуд.
Дар Апеннин, ки дар он ҷо Пентагон калонтарин пойгоҳҳо харбии бахрӣ дорад, чизе нишон додан мумкин аст. Сиёсатмадорон дар Рим бодиққат сухан мегӯянд, аммо итолиёии одӣ солҳо боз ба муқобили янкиҳо, ки шӯришгаронанд ва ба раҳгузарон ҳамла мекунанд, эътироз мекунанд. Ҳамин тавр дар соли 2017 дар Виченза пас аз як силсила задухӯрд дар ҳолати мастӣ бо амрикоиҳо ҳатто тарк кардани макони воҳид манъ карда шуд.

"Мо аз дидани шумо хушҳолем"

Кишварҳои Балтика аз рӯи шумораи чунин ҳодисаҳо пешсафанд. Моҳи май дар шаҳри Тапаи Эстония низомиёни амрикоӣ духтарони маҳаллиро бераҳмона таъқиб мекарданд. Ҷанг ба амал омад, ки он танҳо баъди дахолати Таллин қазия ҳал шуд.
Аммо мардуми Балтика митинг намегузаронанд. Ва ҳукуматдорон бегуфтугӯ "аз ҳузури қӯшунҳои Амрико хушнуданд". Ва барои онҳо пойгоҳи месозанд: пойгоҳи навбатӣ - "Геркус" дар Литва мохи август ифтитоҳ шуд. Зиёда аз он ин амал бо ташаббуси Вилнюс анҷом шуд, гарчанде ҳатто Пентагон ба зарурати он шубҳа дорад.
"Талабот ба ин беш аз пеш рӯшантар аст. Мо ҳама чизҳои лозимӣ, тамоми шароитро барои нигоҳ доштани омодагии ҷангии нерӯҳо фароҳам меорем", - гуфт вазири дифоъ Арвидас Анушаускас.
Ҳоло дар ин кишвар қариб 500 нафар низомии Амрико 30 танки "Абрамс" ва 25 мошини зиреҳпӯши "Бредли" мавҷуд аст. Дар ин ҷо як гурӯҳи пуртаъсир бештари вақт барои таълим ворид мешуд.
Дар Лаҳистон тамоми бригадаи зарбдор мавҷуд аст. Ба наздикӣ Пентагон пойгоҳи мукаммал месозад, ки дар он 85 танк, 190 мошини ҷангии пиёда, 35 тӯпи худгард ва чор пули танкӣ ҷойгир мекунад. Ин аз сарҳади Русия ҳамагӣ 256 километр дур аст.

"Низои нав"

Лаҳистон ва кишварҳои Соҳили Балтика зидди "Компас" ба далели "таҳдиди Русия" ҳастанд. Дигар шаккокиҳо сабабҳои иқтисодӣ доранд. Пеш аз ҳама "аъзои хурдсол"-и Иттиҳоди Аврупо бинобар имконоти маҳдуд интиқод мекунанд. Масалан, Ҷумҳурии Чех, ки намояндаи он дар парлумони Аврупо Александр Вондра аст, ин тарҳро “шуҳратпарастии аз ҳад зиёд” мехонад.
"Аз як сӯ”, - мегӯяд сиёсатмадор ва меафзояд, - “Русия ва Чин дар он ҷо ба унвони рақибони хатарнок таъйин шудаанд. Аз сӯи дигар Иттиҳодияи Аврупо онҳоро шарик медонад”.
Ҳамчунин таъкид шудааст, ки чунин “тамғагузорӣ” вазъи иқтисодиро бадтар мекунад, хусусан дар замони КОВИД.
Первая в мире вакцина от коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2020
КОВИД-19 дубора авҷ мегирад? вазъи ваҳими эпимедиологӣ дар Аврупо
Аммо Брюссел талаб мекунад, ки хароҷоти низомӣ бештар шавад, гарчанде Иттиҳодияи Аврупо дар тӯли ҳафт сол барои дифоъ аллакай 1,93 триллион доллар сарф кардааст. Баъзе аз кишварҳо аз уҳдадорӣ даст кашидан намехоҳанд, зеро "он чиро, ки аллакай мавҷуда аст, такрор мекунад". Ба ғайр аз НАТО дар Аврупо якчанд сохтор, аз ҷумла, сипоҳи Аврупо мавҷуд аст, ки аз ҷиҳати назарӣ барои ҷойгир кардани чор дивизия қодир аст. Ҷангҷӯён – ҳафт ҳазор нафаранд ва 20 сол пеш дар Босния ва Косово фаъол буданд.
"Кишварҳое, ки ба ин лоиҳа манфиатдоранд, пеш аз ҳама Фаронса, онро амалӣ хоҳанд кард. Мавзуъ муҳим аст: НАТО дар шароити гуногун ва бо ҳадафҳои дигар таъсис ёфта буд, сохтори муқовимат ҳоло дигар аст: хатти рӯшани ҷабҳа вуҷуд надорад", - шарҳ медиҳад Константин Соколов, ноиби президенти Академияи мушкилоти геополитикӣ.
Аммо қайд мекунад коршинос, маълум нест, ки иттиҳоди нав бо қӯшунҳои Амрико, ки "ба гумон аст, пойгоҳҳои худро тарк кунанд", чӣ гуна муомила хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0