https://sputnik.tj/20220127/donishomuz-tojik-donishju-sol-totoriston-1045194215.html
Ҷавони тоҷик дар Тотористон донишҷӯи сол шуд
Ҷавони тоҷик дар Тотористон донишҷӯи сол шуд
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари Тотористон ба донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Қазон шахсан ҷоизаи ифтихорӣ тақдим кард 27.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-27T10:59+0500
2022-01-27T10:59+0500
2022-01-27T14:20+0500
маориф
тотористон
тоҷик
донишҷӯ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045191151_0:0:1170:659_1920x0_80_0_0_4dcadcc561e6c1f8dfc3cac57f84592e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раҳматҷон Халилов, зодаи Душанбе, донишҷӯи сол дар Тотористон шуд, хабар медиҳад "Россотрудничество". Озмуни "Донишҷӯи сол - 2022" дар Қазон баргузор ва дар он як донишҷӯи ҷавони тоҷик, магистранти Донишгоҳи миллии пажуҳишҳои технологии Қазон (КНРТУ) пирӯз эълон шуд. Гран-приро ба беҳтарин донишҷӯи Тотористон Андрей Турчак, муовини аввали раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия ва Рустам Миннихонов, раисҷумҳури Тотористон доданд. Илова бар ин ҷавони тоҷик ба ҷуз унвони фахрӣ имкон пайдо кард, ки тавассути барномаи "Алгариш" дар дилхоҳ донишгоҳи дунё таҳсилашро идома диҳад. Раҳматҷон дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадаву хатмкардаи мактаби №20 ба номи А.С. Пушкин ва литсейи №1-и барои бачагони болаёқат мебошад. Ӯ замони мактабӣ дар доираи барномаи "Россотрудничество" бо донишгоҳҳои Русия шинос буд ва як вохӯрӣ дар Душанбе бо намояндагони КНРТУ роҳи ояндаи ӯро боз кард.Ҳоло ӯ марҳалаи магистриро дар бахши соҳибкории инноватсионӣ дар коркарди маводи композитӣ хатм мекунад. Инчунин донишҷӯи соли Татористон дар ҳаёти иҷтимоӣ низ нақши муҳим дошта, ВАО-и донишҷӯёнро инкишоф медиҳад.Сардори намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Иван Иванов қайд кард, ки пирӯзии Раҳматҷон барои дигар довталабони тоҷик як ангезаи олӣ хоҳад буд. Ба гуфтаи ӯ, дар ин рӯзҳо ҳудуди 5 ҳазор ҷавон дар Тоҷикистон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия аз имтиҳон ва мусоҳибаи "Россотрудничество" мегузаранд. "Мисоли як бачаи оддии Душанбе, ки бо нерӯ ва дониши худ ба ҳадафи на танҳо гирифтани таҳсилоти босифати русӣ омадааст, балки дар ҳаёти донишҷӯёни ҷомеа низ нақши муҳим доштааст, бешубҳа, илҳомбахш аст",- гуфт Иванов.
https://sputnik.tj/20220125/rusiya-kvota-donishjuyon-tojik-afzoish-1045112404.html
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045191151_48:0:1088:780_1920x0_80_0_0_5dd8ab512f6af54df068f12c00f2319f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донишомӯз тоҷик донишҷӯ сол тотористон
донишомӯз тоҷик донишҷӯ сол тотористон
Ҷавони тоҷик дар Тотористон донишҷӯи сол шуд
10:59 27.01.2022 (Навсозишуда: 14:20 27.01.2022) Сарвари Тотористон ба донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Қазон шахсан ҷоизаи ифтихорӣ тақдим кард
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Раҳматҷон Халилов, зодаи Душанбе, донишҷӯи сол дар Тотористон шуд, хабар медиҳад "Россотрудничество".
Озмуни "Донишҷӯи сол - 2022" дар Қазон баргузор ва дар он як донишҷӯи ҷавони тоҷик, магистранти Донишгоҳи миллии пажуҳишҳои технологии Қазон (КНРТУ) пирӯз эълон шуд.
Гран-приро ба беҳтарин донишҷӯи Тотористон Андрей Турчак, муовини аввали раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Русия ва Рустам Миннихонов, раисҷумҳури Тотористон доданд.
Илова бар ин ҷавони тоҷик ба ҷуз унвони фахрӣ имкон пайдо кард, ки тавассути барномаи "Алгариш" дар дилхоҳ донишгоҳи дунё таҳсилашро идома диҳад.
Раҳматҷон дар пойтахти Тоҷикистон ба дунё омадаву хатмкардаи мактаби №20 ба номи А.С. Пушкин ва литсейи №1-и барои бачагони болаёқат мебошад.
Ӯ замони мактабӣ дар доираи барномаи "Россотрудничество" бо донишгоҳҳои Русия шинос буд ва як вохӯрӣ дар Душанбе бо намояндагони КНРТУ роҳи ояндаи ӯро боз кард.
Ҳоло ӯ марҳалаи магистриро дар бахши соҳибкории инноватсионӣ дар коркарди маводи композитӣ хатм мекунад. Инчунин донишҷӯи соли Татористон дар ҳаёти иҷтимоӣ низ нақши муҳим дошта, ВАО-и донишҷӯёнро инкишоф медиҳад.
"Бисёр мехостам барои Ватанам муфид бошам ва бидонам, ки дониш ва маҳорати ман дар он ҷо лозим аст. Дар ин ҷо, дар Русия қадри ба ҷомеа муфид буданро амиқ ҳис кардам. Албатта, мехостам, ки дар Тоҷикистон низ як фарди лозим бошам",- мегӯяд ҷавони тоҷик.
Сардори намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Иван Иванов қайд кард, ки пирӯзии Раҳматҷон барои дигар довталабони тоҷик як ангезаи олӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин рӯзҳо ҳудуди 5 ҳазор ҷавон дар Тоҷикистон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои Русия аз имтиҳон ва мусоҳибаи "Россотрудничество" мегузаранд.
"Мисоли як бачаи оддии Душанбе, ки бо нерӯ ва дониши худ ба ҳадафи на танҳо гирифтани таҳсилоти босифати русӣ омадааст, балки дар ҳаёти донишҷӯёни ҷомеа низ нақши муҳим доштааст, бешубҳа, илҳомбахш аст",- гуфт Иванов.