https://sputnik.tj/20220125/rusiya-kvota-donishjuyon-tojik-afzoish-1045112404.html
Русия квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш дод
Русия квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Русия миқдори квотаҳоро, ки ҳуқуқи таҳсили ройгон ба донишҷӯёни Тоҷикистонро дар бисёре аз донишгоҳҳои Русия медиҳад, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст
2022-01-25T11:20+0500
2022-01-25T11:20+0500
2022-01-25T13:40+0500
дар тоҷикистон
маориф
ҳамкорӣ
донишҷӯ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032691689_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_49278b16dc6ebf8242fcc8fef8337e66.jpg
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Шумораи ҷойҳо барои таҳсили тоҷикистониён дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷаи федералӣ 120 адад афзоиш ёфт, гуфт сардори намояндагии "Россотрудничество" дар кишвар Иван Иванов. Ҳамин тариқ довталабони Тоҷикистон тайи солҳои 2022-2023 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия 750 квота доранд ва ҷумҳурӣ аз рӯи миқдори бурсияҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Русия маъмулан дар панҷгонаи аввал байни кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.Имтиҳони дохилшавӣ дар доираи квота, аз ҷумла дар Душанбе суҳбати аввалин бо довталабон барои дохилшавӣ оғоз ёфт. Ин марҳила дар ҳоли ҳозир барои довталабоне, ки ба магистратура, ординатура, аспирантура ва бакалавр аз рӯи ихтисосҳои марбути фарҳанг дохил шуданиянд, оғоз гардид. Гуфта мешавад, суҳбатҳо аз 24 то 26 январ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор мешаванд. Мусоҳибаҳои шахсӣ бо 1,1 ҳазор довталаб аз тамоми кишвар гузаронида мешаванд. Бахусус барои ин 35 омӯзгор аз 25 донишгоҳи Русия ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд.Ба гуфтаи Иванов, имсол шумораи бештари довталабон барои таҳсил аз ҳисоби буҷаи Русия дар кластери тиббӣ мебошанд. Озмун барои ординатура - 28 нафар дар як ҷой рост меояд.Қобили зикр аст, ки дар ин зимн беш аз 6,1 ҳазор номзад сабти ном шудааст, ки аз ин шумора беш аз 4,5 ҳазор нафар ба имтиҳони тахассусӣ роҳ ёфтааст.Ёдовар мешавем, ки маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
https://sputnik.tj/20211228/donishjuyon-tojik-rusiya-roygon-tahsil-1044451878.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032691689_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_571a20de949c3b4aaaf3eb3d8e7da8fc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия квота донишҷӯён тоҷик афзоиш
русия квота донишҷӯён тоҷик афзоиш
Русия квотаҳои таҳсил барои донишҷӯёни тоҷикро афзоиш дод
11:20 25.01.2022 (Навсозишуда: 13:40 25.01.2022) Русия миқдори квотаҳоро, ки ҳуқуқи таҳсили ройгон ба донишҷӯёни Тоҷикистонро дар бисёре аз донишгоҳҳои Русия медиҳанд, ба таври қобили мулоҳиза афзоиш додааст
ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Шумораи ҷойҳо барои таҳсили тоҷикистониён дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби буҷаи федералӣ 120 адад афзоиш ёфт, гуфт сардори намояндагии "Россотрудничество" дар кишвар Иван Иванов.
Ҳамин тариқ довталабони Тоҷикистон тайи солҳои 2022-2023 барои дохилшавӣ ба донишгоҳҳои Русия 750 квота доранд ва ҷумҳурӣ аз рӯи миқдори бурсияҳои таҳсилӣ дар донишгоҳҳои Русия маъмулан дар панҷгонаи аввал байни кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст.
Имтиҳони дохилшавӣ дар доираи квота, аз ҷумла дар Душанбе суҳбати аввалин бо довталабон барои дохилшавӣ оғоз ёфт. Ин марҳила дар ҳоли ҳозир барои довталабоне, ки ба магистратура, ординатура, аспирантура ва бакалавр аз рӯи ихтисосҳои марбути фарҳанг дохил шуданиянд, оғоз гардид.
Гуфта мешавад, суҳбатҳо аз 24 то 26 январ дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Мусоҳибаҳои шахсӣ бо 1,1 ҳазор довталаб аз тамоми кишвар гузаронида мешаванд. Бахусус барои ин 35 омӯзгор аз 25 донишгоҳи Русия ба пойтахти Тоҷикистон омадаанд.
Ба гуфтаи Иванов, имсол шумораи бештари довталабон барои таҳсил аз ҳисоби буҷаи Русия дар кластери тиббӣ мебошанд. Озмун барои ординатура - 28 нафар дар як ҷой рост меояд.
"Боиси хушнудист, ки ҷавонон ва духтарон на танҳо шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Қазонро ба сифати макони таҳсил интихоб мекунанд. Мо барои таҳсил аз Калининград то Якутск ва Шарқи Дур низ довталаб дорем",- гуфт сардори идораи "Россотрудничество".
Қобили зикр аст, ки дар ин зимн беш аз 6,1 ҳазор номзад сабти ном шудааст, ки аз ин шумора беш аз 4,5 ҳазор нафар ба имтиҳони тахассусӣ роҳ ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки маъракаи омӯзиши шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия тибқи фармоне, ки соли 2013 дар Федератсияи Русия содир шуда буд, сурат мегирад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 23 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.