https://sputnik.tj/20220127/barrasii-omuzish-kadrhoi-korgari-didor-maqomot-tojikistonu-eron-1045234595.html
Баррасии омӯзиши кадрҳои коргарӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон
Баррасии омӯзиши кадрҳои коргарӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон ва табодули назар дар бораи муносибатҳои дуҷониба дидори вазири вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо сафири Эрон дар Душанбе баргузор шуд
2022-01-27T15:10+0500
2022-01-27T15:10+0500
2022-01-27T19:03+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
мулоқот
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:106:2019:1242_1920x0_80_0_0_2563ada96fa4f63247486388d444ebc6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар дидори Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе чандин масоили муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, корофарӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.Матбаъ иттилоъ додааст, ки тарафҳо вобаста ба муносибатҳои дуҷониба дар самти касбомӯзӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ибрози андеша намуданд.Ҳамзамон тарафҳо иҷрои ҳадафҳоро, ки дар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи Эрон дар ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ дарҷ шудаанд, баррасӣ карданд.Аз ҷумла, тарафҳо вобаста ба мубодилаи таҷриба дар касбу ҳунарҳои муосир бо истифода аз зарфиятҳои Эрон, баланд бардоштани малакаи устоҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯхтани фаъолияти Муассисаи тадқиқоти меҳнати Эрон ва дигар масоили муҳими соҳавӣ мубодилаи афкор карданд.Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки ҷонибҳо ба ҳавасмандии худ дар рушди муносибатҳо дар соҳаи кор ва омӯзиши кадрҳои коргарӣ таъкид карданд.Тарафҳо зикр карданд, ки истифодаи зарфиятҳои дуҷониба ба шакли рӯнамо дар ҷаласаи нахустини гурӯҳҳои корӣ, ки рӯзҳои наздик ба таври маҷозӣ баргузор мегардад, муаррифӣ ва мушаххас карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20220112/sanadi-hamkori-hosili-si-soli-ravobiti-tojikistonu-eron-1044751681.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/1b/1045233307_0:0:1795:1346_1920x0_80_0_0_d84e349d4fbfe4c7bf6aeac17d97d269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тақвият, муносибатҳои дуҷониба
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тақвият, муносибатҳои дуҷониба
Баррасии омӯзиши кадрҳои коргарӣ дар дидори мақомоти Тоҷикистону Эрон
15:10 27.01.2022 (Навсозишуда: 19:03 27.01.2022) Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон ва табодули назар дар бораи муносибатҳои дуҷониба дидори вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар бо сафири Эрон дар Душанбе баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар дидори Ширин Амонзода, вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе чандин масоили муҳими ҳамкорӣ, аз ҷумла дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, корофарӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати меҳнат.
Матбаъ иттилоъ додааст, ки тарафҳо вобаста ба муносибатҳои дуҷониба дар самти касбомӯзӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарӣ ибрози андеша намуданд.
“Зимни мулоқот тарафҳо масоили муҳими ҳамкориро дар соҳаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон, корофарӣ, тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси коргарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва рушди ҳунармандӣ баррасӣ намуданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Ҳамзамон тарафҳо иҷрои ҳадафҳоро, ки дар Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи Эрон дар ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи кор, омӯзиши касбӣ ва техникӣ дарҷ шудаанд, баррасӣ карданд.
Аз ҷумла, тарафҳо вобаста ба мубодилаи таҷриба дар касбу ҳунарҳои муосир бо истифода аз зарфиятҳои Эрон, баланд бардоштани малакаи устоҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯхтани фаъолияти Муассисаи тадқиқоти меҳнати Эрон ва дигар масоили муҳими соҳавӣ мубодилаи афкор карданд.
Вазорати меҳнат қайд кардааст, ки ҷонибҳо ба ҳавасмандии худ дар рушди муносибатҳо дар соҳаи кор ва омӯзиши кадрҳои коргарӣ таъкид карданд.
Тарафҳо зикр карданд, ки истифодаи зарфиятҳои дуҷониба ба шакли рӯнамо дар ҷаласаи нахустини гурӯҳҳои корӣ, ки рӯзҳои наздик ба таври маҷозӣ баргузор мегардад, муаррифӣ ва мушаххас карда мешаванд.