https://sputnik.tj/20220112/sanadi-hamkori-hosili-si-soli-ravobiti-tojikistonu-eron-1044751681.html
170 санади ҳамкорӣ – ҳосили сӣ соли равобити Тоҷикистону Эрон
170 санади ҳамкорӣ – ҳосили сӣ соли равобити Тоҷикистону Эрон
Sputnik Тоҷикистон
Миёни Тоҷикистону Эрон асноди муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ҳамлу нақл ва роҳсозӣ, тунелсозӣ, тиҷорат, телевизион ва радио имзо шудааст
2022-01-12T15:35+0500
2022-01-12T15:35+0500
2022-01-12T18:09+0500
дар тоҷикистон
эрон
сафир
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044751338_0:0:964:542_1920x0_80_0_0_bb2b4efdc73387c1054494255b587d42.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як паёмаш қайд кардааст, ки иҷрои тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда - 2"-ро метавон яке аз заминаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар арсаи энергетика ва равобити иқтисодии ду кишвар унвон кард.Инчунин Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохторҳо, тавсеаву шукуфоии Тоҷикистони азиз дошта, ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанд буда, муфтахар аст, ки ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи садду нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", нақби "Истиқлол", иҷрои тарҳи софкунии оби Душанбе ва лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон ҳузури фаъол доштаву доранд.Вай илова кард, дар 30 соли равобит беш аз 170 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрону Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯсту ҳамзабонро таъриф мекунанд ва нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.Вай афзуд, ду кишвар дар таъмини маҳсулоти мавриди ниёзи якдигар аз тавонмандӣ ва зарфияти болое бархурдоранд.“Эрон метавонад дар ҳавзаи технологияҳои навин, аз ҷумла нанотехнология, таҷрибаҳо ва тавсеаи марказҳои саноатӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд”, - таъкид кардааст сафири Эрон дар Душанбе.
https://sputnik.tj/20211224/tojikiston-eron-tasisi-korkhonahoi-mushtaraki-mavodi-ghizoi-1044395415.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044751338_0:0:964:722_1920x0_80_0_0_0092cb54ab39a9fc88ff19c106933ee1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, тоыикистон, ҳамкорӣ, имзо, санад, сафир
эрон, тоыикистон, ҳамкорӣ, имзо, санад, сафир
170 санади ҳамкорӣ – ҳосили сӣ соли равобити Тоҷикистону Эрон
15:35 12.01.2022 (Навсозишуда: 18:09 12.01.2022) Миёни Тоҷикистону Эрон асноди муҳиме дар ҷиҳати ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои нерӯгоҳҳои барқи обӣ, ҳамлу нақлу роҳсозӣ, тунелсозӣ, тиҷорат, телевизион ва радио имзо шудааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар як паёмаш қайд кардааст, ки иҷрои тарҳи нерӯгоҳи барқи обии "Сангтуда - 2"-ро метавон яке аз заминаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар дар арсаи энергетика ва равобити иқтисодии ду кишвар унвон кард.
Инчунин Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохторҳо, тавсеаву шукуфоии Тоҷикистони азиз дошта, ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанд буда, муфтахар аст, ки ширкатҳои эронӣ дар тарҳҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла тарҳи садду нерӯгоҳи барқи обии "Роғун", нақби "Истиқлол", иҷрои тарҳи софкунии оби Душанбе ва лоиҳаҳои дигари Тоҷикистон ҳузури фаъол доштаву доранд.
Вай илова кард, дар 30 соли равобит беш аз 170 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрону Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯсту ҳамзабонро таъриф мекунанд ва нақши таъйинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
Вай афзуд, ду кишвар дар таъмини маҳсулоти мавриди ниёзи якдигар аз тавонмандӣ ва зарфияти болое бархурдоранд.
“Эрон метавонад дар ҳавзаи технологияҳои навин, аз ҷумла нанотехнология, таҷрибаҳо ва тавсеаи марказҳои саноатӣ бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд”, - таъкид кардааст сафири Эрон дар Душанбе.