https://sputnik.tj/20220126/rusiya-markaz-muhojiron-tojikiston-1045177144.html
Лавров: Русия барои боз кардани маркази муҳоҷирон дар Тоҷикистон талош мекунад
Лавров: Русия барои боз кардани маркази муҳоҷирон дар Тоҷикистон талош мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин фарқи аслии муҳоҷирони ИДМ ва шаҳрвандони кишварҳои дигарро, ки барои кор ба Русия меоянд, хонд
2022-01-26T21:33+0500
2022-01-26T21:33+0500
2022-01-27T12:39+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
сергей лавров
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042810953_0:0:3045:1714_1920x0_80_0_0_29924672091c3a4bb5a76880fb4b519e.jpg
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Русия исрор дорад, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон марказҳои омӯзиши муҳоҷирони корӣ ифтитоҳ шавад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҷаласаи Думаи давлатӣ таъкид кард. Ба гуфти ӯ, маҳз шаҳрвандони ин давлатҳо бештар барои кор ба Русия меоянд. Дар марказҳои махсус хоҳишмандони кор дар Русия забони русӣ ва қонунгузории кишварро пешакӣ меомӯзанд. Лавров таъкид кард, баъзе ҳодисаҳое, ки муҳоҷирон мувоҷеҳ мешаванд, боиси вокуниши эҳсосӣ дар ҷомеа мешавад. Ҳамзамон зодагони ин кишварҳоро дар Русия бо он нафароне, ки ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ё Қатар ба кор мераванд, муқоиса кардан мумкин нест, гуфт сарвари ниҳоди дипломатии Русия. Вай ёдовар шуд, шахсоне, ки аз ИДМ меоянд, қаблан бо русҳо шаҳрвандони як давлат буданд.Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар бораи зарурати омода кардани муҳоҷирон барои кор дар Русия ҳарф зада буд. Ба гуфти ӯ, донистани забони русӣ барои мутобиқ шадуни шаҳрвандони кишварҳои дигар дар Русия мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20220119/medvedev-bozori-siyohi-muhojirat-amniyati-rusiya-tahdid-1044928187.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/0d/1042810953_96:0:2827:2048_1920x0_80_0_0_7447ae38ffb8a727961163a66a86083d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маркази муҳоҷират, тоҷикистон,
маркази муҳоҷират, тоҷикистон,
Лавров: Русия барои боз кардани маркази муҳоҷирон дар Тоҷикистон талош мекунад
21:33 26.01.2022 (Навсозишуда: 12:39 27.01.2022) Раҳбари Вазорати хориҷаи Русия фарқи аслӣ миёни муҳоҷирони ИДМ ва шаҳрвандони кишварҳои дигарро, ки барои кор ба Русия меоянд, гуфт
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Русия исрор дорад, ки дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон марказҳои омӯзиши муҳоҷирони корӣ ифтитоҳ шавад. Дар ин бора Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия дар ҷаласаи Думаи давлатӣ таъкид кард.
Ба гуфти ӯ, маҳз шаҳрвандони ин давлатҳо бештар барои кор ба Русия меоянд.
Дар марказҳои махсус хоҳишмандони кор дар Русия забони русӣ ва қонунгузории кишварро пешакӣ меомӯзанд.
Лавров таъкид кард, баъзе ҳодисаҳое, ки муҳоҷирон мувоҷеҳ мешаванд, боиси вокуниши эҳсосӣ дар ҷомеа мешавад.
Ҳамзамон зодагони ин кишварҳоро дар Русия бо он нафароне, ки ба Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ё Қатар ба кор мераванд, муқоиса кардан мумкин нест, гуфт сарвари ниҳоди дипломатии Русия.
Вай ёдовар шуд, шахсоне, ки аз ИДМ меоянд, қаблан бо русҳо шаҳрвандони як давлат буданд.
Қаблан Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар бораи зарурати омода кардани муҳоҷирон барои кор дар Русия ҳарф зада буд.
Ба гуфти ӯ, донистани забони русӣ барои мутобиқ шадуни шаҳрвандони кишварҳои дигар дар Русия мусоидат мекунад.