Эрон гуфт, сафорати Афғонистонро ба толибон надодааст

© Sputnik / Руслан КривобокХосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2022
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Эрон гуфтааст, ки сафорати Афғонистон дар Теҳронро на ба дасти толибон, балки ба ҳукумати фарогир хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Доктор Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон дар поёни нахустин конфронси миллии Эрон ва ҳамсояҳо хабарҳо дар бораи додани сафорати Афғонистон ба толибонро рад кард.
Ба гуфтаи вай, толибон дар ҷараёни боздиди худ ба Теҳрон воқеан ҳам тақозо карданд, ки сафорати Афғонистон ба онҳо дода шавад, ба мисли Покистон ва зоҳиран Чин, аммо Эрон инро рад кард.
"Мо ба ҷониби Афғонистон ба таври возеҳ изҳор доштем, ки таъсиси ҳукумати фарогир барои мо хеле муҳим аст ва пас аз таъсиси ин ҳукумат мо дар мавриди муайян кардани ҳукумати нави Афғонистон ва супоридани сафорат кор хоҳем кард",- гуфт Абдуллоҳиён.
Ӯ таъкид карда, ки иттилоъ дар бораи намояндаи толибон будани Абдулқайюм Сулаймонӣ, ки пас аз рафтани сафири Афғонистон дар Теҳрон намояндагии дипломатии Афғонистонро раҳбарӣ мекард, дуруст нест.
Толибон бо ирсоли як нома онро расман “қонунӣ” карданд, ҳол он ки бо ин кор танҳо вазъи мавҷудро тасдиқ карданд, аммо натавонистанд ба он таъсир расонанд.
Ёдовар мешавем, ахиран хабарҳое мунташир шуда буд, ки гуфта мешуд, Эрон дар пайи сафари ҳайати толибон ба Теҳрон сафорати Афғонистонро ба онҳо додааст. Расонаӣ шудани ин гуна ахбор вокунишҳои сахтро ба бор овард.
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Ҳабибуллоҳи Ҳисом: Ҳайати толибон аз Эрон дасти холӣ ва бидуни дастовард баргашт
Гуфта мешуд, ки Абдулқайюм Сулаймонӣ бародарзодаи Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодии ҳавзаи ҷанубу ғарби Афғонистон ба курсии сафирӣ расидааст.
Ёдовар мешавем, толибон ҳамакнун шаш моҳ аст, ки Афғонистонро зери итоат қарор додаанд, аммо то кунун ҳеҷ кишваре онҳоро ба расмият нашинохтааст.
Ҳамчунин намояндагиҳои сиёсии Афғонистон дар хориҷ аз ин кишвар ба ҷуз аз Чину Покистон худро намояндаи ҳукумати қаблӣ ва мардуми Афғонистон медонанд.
Лентаи хабарҳо
0