Ҳабибуллоҳи Ҳисом: Ҳайати толибон аз Эрон дасти холӣ ва бидуни дастовард баргашт

© Sputnik / Alexey Kudenko / Гузариш ба медиабонкИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения "Талибан"* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения "Талибан"* Шахабуддин Делавар
ИО министра иностранных дел Афганистана, член руководства движения Талибан* Амир Хан Муттаки и представитель политического совета движения Талибан* Шахабуддин Делавар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Сухангӯи толибон дидори Амирхон Муттақӣ бо Исмоилхон, яке аз аъзои аршади Ҳизби ҷамъият ва Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллиро таъйид кард
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Забеҳулло Муҷоҳид, дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки Исмоилхон ва Аҳмад Масъуд дар Теҳрон бо ҳайати имороти исломӣ мулоқот кардаанд.

"Дар ин дидор ҳайати имороти исломӣ ба онҳо итминон дод, ки онҳо метавонанд бидуни нигаронӣ ба Ватан баргарданд. Имороти исломӣ талош дорад, ояндаи кишварро барои ҳама боварибахш гардонад ва далели мухолифат барои ҳеҷ касе боқӣ намонад", - гуфт вай.

Аз сӯйи дигар мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Ҳисом ин дидорро таъйид кард. “Аммо гуфт, ки ҳайати толибон аз Эрон дасти холӣ, бидуни ҳеҷ дастовард ва рӯҳу равон ба Кобул баргаштанд. Вассалом!".
Қаблан бархе аз манобеъ хабар дода буданд, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон бо Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони барҷастаи Ҳизби ҷамъияти исломӣ дар Теҳрон дидор кардаанд.
Гуфта мешавад, Исмоилхон ҳамроҳ бо мавлавӣ Ҳабибуллоҳи Ҳисом аз Машҳад ба Теҳрон рафта ва дар хонаи сарпарасти сафорати Афғонистон бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст.
Ахмад Масуд, сын покойного афганского политика и военачальника Ахмад Шаха Масуда - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Мулоқоти Масъуд бо толибон: Муттақӣ ба Аҳмад чӣ пешниҳод кард?
Сарпарасти Вазорати умури хориҷии толибон ахиран бо як ҳайати бузург вориди Теҳрон шуд.
Ин нахустин сафари расмии як мақоми баландпояи толибон ба Эрон аст.
Гуфта мешавад, ин сафар бо даъвати Сипоҳи посдорон сурат гирифтааст.
Муттақӣ рӯзи якшанбе бо Ҳусейн Амирабдуллоҳиён, вазири умури хориҷии Эрон низ мулоқот кард.
Вазорати хориҷаи Эрон гуфтааст, ки дар ҷараёни ин музокирот масоили иқтисодӣ ва амниятии ду кишвар баррасӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0