Ду голи хато: рақобати занони футболбози Тоҷикистону Қирғизистон бо чӣ анҷомид?

© ФФТРақобати футболбозони Тоҷикистону Қирғизистон
Рақобати футболбозони Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.01.2022
Обуна шудан
Рақобати нахустин миёни тими мунтахаби занони Тоҷикистон ва Қирғизистон мусовӣ анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Дар Маҷмаи варзишии Душанбе қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид.
Дар оғози мусобиқот дастаи занонаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббӣ Шамшод Ниятбеков бо дастаи Қирғизистон ба майдон баромад.
Ин бозӣ бо ҳисоби 1:1, мусовӣ анҷом ёфт, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Манбаъ афзуда, ки голи ягонаро аз ҷониби дастаи Тоҷикистон Мадина Фозилова аз ҷаримаи даҳмерта ба нишон расонидааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфтааст, мунтахаби кишвар метавонист ғолиб ояд.

"Футзалбозони тоҷик метавонистанд дар ин бозӣ ғолиб оянд, аммо дар анҷоми вохӯрӣ капитани даста Фозилова ду бор зарбаи ҷаримавии даҳметраро ба самар расонида натавонист", - омадааст дар хабарнома.

ФФТ эълон карда, ки 22 январ бозиҳои даври дуюми мусобиқоти чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона баргузор мешаванд.
Ҳамин тавр, соати 15:00 вохӯрии дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Ӯзбекистон ва соати 18:00 дастаҳои Тоҷикистон ва Эрон вомехӯранд.
Қобили зикр аст, ки нахустин Чемпионати футзали занони CAFA-2022 аз рӯи системаи дудаврӣ баргузор шуда, дар он ҳар даста шаш бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян мешавад.
Лентаи хабарҳо
0