https://sputnik.tj/20211228/donishjuyon-tojik-rusiya-roygon-tahsil-1044451878.html
Шумори донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия ройгон таҳсил мекунанд, дақиқ шуд
Шумори донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия ройгон таҳсил мекунанд, дақиқ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Таҳсил дар донишгоҳҳои Русия миёни донишҷӯёни тоҷик маҳбуб аст ва ин аст, ки ҳазорон ҷавон ҳам дар қаламрави кишвари дигар ва ҳам дар ватан дониш мегиранд
2021-12-28T09:02+0500
2021-12-28T09:02+0500
2021-12-28T14:26+0500
дар тоҷикистон
маориф
таҳсил дар хориҷ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793023_0:173:3031:1877_1920x0_80_0_0_183f85c0ab80c5cc663ec931901659de.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳудуди 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунад. Дар ин бора Игор Бурулко, котиби аввали сафорати Русия дар ҷумҳурӣ зимни нишасти хабарие иттилоъ дод. Дар ҳамин ҳол аз ин теъдод 14 ҳазор нафар аз ҳисоби буҷаи давлатии Русия дониш мегиранд. Таҳсил дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон низ маъмул аст. Ҳоло дар РТСУ, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ва МИСИС 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки харҷи донишандӯзии ҳар савуми онҳо низ аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия аст.Вай ёдовар шуд, ки дар кишвар ҳар сол ярмаркаи таълимӣ барпо мегардад. Дар он довталабони тоҷик бо барномаҳои муассисаҳои таълимии Русия ошно мешаванд. Сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар соли 2020 намояндагони ҳудуди 25 донишгоҳи Русия аз ҷумҳурӣ дидан карданд. Дипломат изҳори умедворӣ кард, ки бо ба эътидол омадани парвозҳои мунтазам ин робитаҳо боз ҳам бештар хоҳанд шуд.Ёдовар мешавем, авоили декабри соли ҷорӣ мутахассисони МИРЕА дар Маскав як форуми бузурги ҷавононро баргузор карданд, ки ҳадаф аз он роҳандозии табодули донишҷӯён байни ду кишвар буд.
https://sputnik.tj/20211223/chand-donishju-tojik-belorus-tahsil-1044339085.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793023_149:0:2880:2048_1920x0_80_0_0_b1d0af4c21b92606ee4fce58f98a146b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донишҷӯён тоҷик русия таҳсил
донишҷӯён тоҷик русия таҳсил
Шумори донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия ройгон таҳсил мекунанд, дақиқ шуд
09:02 28.12.2021 (Навсозишуда: 14:26 28.12.2021) Таҳсил дар донишгоҳҳои Русия миёни донишҷӯёни тоҷик маҳбуб аст ва ин аст, ки ҳазорон ҷавон дар Русия дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ватанӣ касби илм мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳудуди 23 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунад. Дар ин бора Игор Бурулко, котиби аввали сафорати Русия дар ҷумҳурӣ зимни нишасти хабарие иттилоъ дод.
Дар ҳамин ҳол аз ин теъдод 14 ҳазор нафар аз ҳисоби буҷаи давлатии Русия дониш мегиранд.
Таҳсил дар донишгоҳҳои Федератсияи Русия дар қаламрави Тоҷикистон низ маъмул аст. Ҳоло дар РТСУ, филиалҳои Донишгоҳи давлатии Маскав ва МИСИС 8 ҳазор донишҷӯ таҳсил мекунад, ки харҷи донишандӯзии ҳар савуми онҳо низ аз ҳисоби буҷаи Федератсияи Русия аст.
“Мо ба аҳолии Тоҷикистон барои дарёфти таҳсили ройгони русӣ кумак мекунем ва онро тавсеа медиҳем ", — таъкид кард Бурулко.
Вай ёдовар шуд, ки дар кишвар ҳар сол ярмаркаи таълимӣ барпо мегардад. Дар он довталабони тоҷик бо барномаҳои муассисаҳои таълимии Русия ошно мешаванд.
Сарфи назар аз пандемияи коронавирус дар соли 2020 намояндагони ҳудуди 25 донишгоҳи Русия аз ҷумҳурӣ дидан карданд.
Дипломат изҳори умедворӣ кард, ки бо ба эътидол омадани парвозҳои мунтазам ин робитаҳо боз ҳам бештар хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, авоили декабри соли ҷорӣ мутахассисони МИРЕА дар Маскав як форуми бузурги ҷавононро баргузор карданд, ки ҳадаф аз он роҳандозии табодули донишҷӯён байни ду кишвар буд.